Хабарҳо
Назорати содиротӣ –унсури калидии таъмини амнияти иқтисодӣ
Санаи 5-уми декабр дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон бо ташаббуси кафедраи назарияи иқтисодӣ ва факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ вобаста ба натиҷаҳои лоиҳаи «Баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ ва маърифат дар соҳаи назорати содиротӣ барои пешгирии паҳншавии ноогоҳона ва рушди фарҳанги бехатарӣ» мизи мудаввар баргузор гардид. Ҳадаф аз амалисозии лоиҳаи зикргардида баланд бардоштани сатҳи донишу маърифат дар соҳаи назорати содиротӣ мебошад.
Дар лоиҳа устодони донишгоҳ фаъолона иштирок намуда, соҳиби сертификат гардиданд. Мизи мудавварро мудири кафедраи назарияи иқтисодӣ, професоор Ф.Б.Насриддинов ифтитоҳ намуда, қайд намуд, ки назорати содиротӣ яке аз унсурҳои калидии таъмини амнияти миллӣ мебошад. Бо ин мақсад дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ омӯзиши фанни “Асосҳои назорати содиротӣ” ба роҳ монда шудааст. Муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро мебояд дар навбати аввал ба масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи донишу касбияти омӯзгорону донишҷӯёни тамоми зинаҳои таҳсилот, такмили ихтисос ва бозомӯзии онҳо, омодасозии омӯзгорони ҷавони баландихтисос ва қонеъсозии талаботи муосир дар тамоми зинаҳои таҳсилот аҳаммият диҳанд.
Дар мизи мудаввар натиҷаҳои лоиҳа баррасӣ шуда, маърузакунандагон оид ба ҳадафи лоиҳа, натиҷаҳои бадастомада, чорабиниҳои гузаронидашуда ва ҷорӣ намудани курси махсуси «Асосҳои назорати содиротӣ» дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ суханронӣ намуданд. Ҳамчунин, донишҷӯёни ДДМИТ бо маърузаҳо дар мавзуъҳои таҳдидҳои эҳтимолӣ дар раванди ташкили содирот, таъмини меъёриву ҳуқуқии назорати содирот ва таснифи молҳо дар назорати содиротӣ баромад намуданд.
Амалишавии чунин лоиҳаҳо имкон медиҳанд, ки дараҷаи касбияти омӯзгорон боз ҳам болотар рафта, сатҳу сифати таълим ба зинаи нави рушд барояд.