Хабарҳо
Афзалиятҳои рушди бахши молиявӣ дар давраи гузариш ба иқтисоди рақамӣ
Таҳти ин унвон рӯзи 7-уми декабр бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ доир гардид.
Ректори ДДМИТ Ҳакимбек Абдуалимзода ҳозиринро бо иди касбӣ табрик намуда, иброз дошт, ки аз соли 2011 то инҷониб дар асоси қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 7-уми декабр ҳамасола ҳамчун Рӯзи кормандони мақомоти молия қайд карда шуда, чун ҷамъбасти солонаи дастовардҳои молиячиён ва муассисаҳои молиявӣ мансуб меёбад. ДДМИТ низ ҳамасола бахшида ба иди касбии молиячиён конфронси илмӣ-амалии байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ ва ё мизҳои мудаввар баргузор менамояд, ки дар он дастоварҳои илмӣ ва таълимии ҳайати профессорону устодон пешкаш карда мешаванд.
Мавсуф қайд намуд, ки дар солҳои Истиқлоли давлатӣ бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат низоми идоракунии устувори молиявӣ ташаккул ёфт, ки аз низоми қаблан амалкунандаи нақшавӣ ба куллӣ тафовут дошта, вобаста ба талаботи иқтисоди бозорӣ бунёд гардидааст. Яке аз зуҳуроти асосии ин низом таъмини амнияти молиявӣ, интишори пули миллӣ, пеш бурдани сиёсати мустақили пулию қарзӣ, такмили низоми андозбандӣ, таъмини шаффофият ва баланд бардоштани самаранокии хароҷоти буҷет, нигоҳ доштани вазъи мутавозини маблағгузории буҷет мебошад. Дар шароити гузариш ба иқтисодиёти рақамӣ афзалиятҳо дар низоми молия чашмрас буда, барои пешравии соҳа мусоидаткунанда мебошанд.
Ба андешаи Ҳ. Абдуалимзода, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаҳои меъёрии ҳуқуқии иқтисоди рақамӣ ташаккул ёфта истодааст ва якчанд хуҷҷатҳои давлатӣ, аз ҷумла Консепсияи ҳукумати электронӣ, Барномаи давлатии рушд ва татбиқи технологияҳои иттилоотии коммуникатсионӣ ва Консепсияи иқтисоди рақамӣ қабул гардида, мавриди истифода қарор доранд.
- Аҳли устодони ДДМИТ Иди касбиашонро бо дастовардҳои назаррас дар раванди таълим ва корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ пешвоз мегиранд ва фахр аз он доранд, ки ба рушди молияи мамлакат бо тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси соҳа ва ҳалли муаммоҳои илмии молиявӣ саҳм мегузоранд.
Дар соли равон дар раванди баланд бардоштани сифати омодагии кадрҳои баландихтисос дастовардҳои назаррасро низ мушоҳида кардан мумкин аст. Танҳо дар солҳои охир устодон даҳҳо китобҳои дарсӣ ва воситаҳои таълимиро таҳия ва нашр намудаанд. Дар раванди таълим бошад, усулҳои муосири таълим ва воситаҳои техникӣ ба таври васеъ истифода бурда мешаванд. Теъдоди зиёди донишҷӯёни мо дар озмунҳо ва олимпиадаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ иштирок намуда, ҷойҳои фахриро ишғол намуданд, - афзуд ректор.
Дар идома муовини якуми Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Каримзода баромад намуда, иброз дошт, ки иқтисоди рақамӣ ин рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ тавассути истифодаи васеи технологияҳои рақамии компютерӣ мебошад, ки барои баланд бардоштани маҳсулнокии истеҳсолот, таҷҳизот, нигоҳ доштан, фурӯш ва дастрас намудани молу хизматрасониҳо мусоидат мекунад. Амалисозии иқтисоди рақамӣ имкон медиҳад, ки хизматрасониҳои давлатии рақамӣ, рушди соҳаҳои иқтисоди миллӣ, даромади буҷет, шаффофият, содагардонии расмиёт, омода кардани мутахассисони лаёқатноки соҳаҳои гуногун, ҷалби технологияҳои муосир ва дар маҷмуъ, сатҳи зиндагии аҳолии кишвар беҳтар гардад.
Сипас, муовини ректор оид ба илми Академияи хоҷагии халқ ва хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россия, профессор Андрей Марголин ба таври маҷозӣ баромад намуда, интихобу баррасии ин мавзуи муҳокимашавандаро қобили қабул ва дастгирӣ унвон кард.
Инчунин, сардори шуъбаи муносибатҳои байналмилалии ширкати «Шандун Линшенг Эдюкейшн Технолоджии Ҷумҳурии Халқии Хитой» Юй Янг дар мавзуи «Ислоҳоти низоми таҳсилоти олӣ дар шароити пас аз пандемияи ҷаҳонӣ: таҷрибаи ҶХХ дар соҳаи таҳсилоти молиявӣ» маъруза намуд. Номбурда ёдовар шуд, ки дар замони пандемия дар Ҷумҳурии Халқии Хитой роҳҳои нави омӯзиш аз худ карда шуд, яъне аз таҷрибаи пайдогардида дар баробари омӯзиши анъанавӣ, таҳсилоти фосилавӣ ба роҳ монда шуда, иқтисодиёти рақамӣ рушд кард. Ҳамин тавр, ҷиҳати омодасозии кадрҳои баландихтисос, сифатнокии омӯзиши онлайнӣ ва дар самтҳои дигар заминаҳои такмилдиҳӣ тараққӣ ёфта, Хитой ба дастовардҳои нав ноил гардид.
Дар идома профессорон Раҳматзода Рустам, Шарифзода Баҳром, Ҳусайн Исайнов ва дигарон баромад намуда, дар самти пешрафти иқтисоди рақамӣ дар самти молия таклифу пешниҳодҳои судманд намуданд.
Дар конференсия гуфта шуд, ки дар қатори давлатҳои ҷаҳони муосир Тоҷикистон аз ҷумлаи кишварҳое маҳсуб меёбад, ки қадамҳои аввалини худро ба марҳилаи рушди иқтисодиёти рақамӣ гузошта истодааст. Ин аст, ки бо мақсади вусъат бахшидан ба иқтисодиёти миллӣ ва дар сатҳи иқтисоди ҷаҳонӣ муаррифӣ намудани он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 26 декабри соли 2018 «Консепсияи иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия ва бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2019 тасдиқ гардид.
Дар идома муҳокима сурат гирифта, конфронс кори худро дар бахшҳо идома дод.
Наврӯз Ҷобиров