Хабарҳо
Коррупсия эътимоди мардумро коста мегардонад
Дар доираи иҷрои нақша-чорабиниҳо оид ба татбиқи «Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030» устодон ва донишҷӯёни ДДМИТ бо намояндагони мақомоти дахлдор пайваста суҳбату вохӯриҳо доир менамоянд.
Чунин як вохӯрии судманд рӯзи 7-уми декабри соли равон бо ташаббуси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Дафтари барномаи САҲА баргузор гардид.
Сараввал муовини якум, муовини ректор оид ба таълим Баҳодур Ҷурахонзода дар баромади худ гуфт, ки муқовимат бо коррупсия қисми таркибии сиёсати дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, таҳия ва татбиқи он аз ташаббуси олии сиёсии Роҳбарияти давлат маншаъ мегирад. Махсусан коррупсия дар соҳаи маориф эътимоди мардумро коста мегардонад.
Пасон С.Турсунзода, намояндаи Агентӣ, Хамиш Штефан, намояндаи САҲА, Малика Ҷуразода, намояндаи САҲА ва Шаҳноза Насриддинзода, ҳуқуқшиноси Ташкилоти ҷамъиятии «Марказ оид ба ҳуқуқи инсон» дар барои мафҳум ва роҳҳои мубориза бо коррупсия изҳори ақида намуданд.
Гуфта шуд, ки самаранокии муқовимат бо коррупсия аз иштироки фаъоли тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар раванди амалигардонии он вобастагии зич ва ногусастанӣ дорад. Мафҳуми муқовимат ба коррупсия фаъолияти тамоми мақомоти ҳокимияти давлатиро ҷиҳати ошкор, пешгирӣ ва бартараф намудани сабабу шароитҳои ба миён омадани ҳолатҳои коррупсионӣ, ошкор ва мубориза бо ҳуқуқвайронкуниҳою ҷиноятҳои коррупсионӣ, бартарафсозии оқибатҳои номатлуби кирдорҳои коррупсионӣ ва таъмин намудани ҳуқуқу озодиҳо, баланд бардоштани сатҳи зиндагии шаҳрвандон, пешрафти иқтисодиёт ва таъмин намудани амнияти кишварро дар бар мегирад.
Дар мунозира Ҷамрод Бобоев, мудири кафедраи ҳуқуқи молиявӣ, иқтисодӣ, зиддикоррупсионии донишгоҳ дар суханронии худ аз суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, афзуд, ки “фаромӯш набояд кард, ки мубориза ба муқобили коррупсия фақат вазифаи ҳифзи ҳуқуқ нест. Дар ин мубориза тамоми аҳли ҷомеа, ҳар як шаҳрванд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ низ бетараф набошад” ва мо донишҷӯёну устодони донишгоҳ низ дар ин ҷода бетараф набудем ва нахоҳем буд. Имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тақвият бахшидан ба масъалаҳои муқовимат бо коррупсия санадҳои нави меъёрии ҳуқуқӣ бо мақсади мутобиқ гардонидан ба меъёрҳои зиддикоррупсионии ҷаҳонӣ пешниҳод ва қабул гардидаанд, ки барои дар оянда решакан намудани амалҳои коррупсионӣ мусоидат хоҳанд кард.
Ҳадаф аз ташкил ва гузаронидани чунин вохӯриҳо барои тақвияти маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷинояткорӣ дар байни ҷавонон ва бартарафсозии омилҳои ба он мусоидаткунанда дар ҷомеа мебошад.
Тағоймурод Эшзода