Хабарҳо
Ҳадаф: амалисозии ормонҳои мардум
Бо иштироки Умарзода Наврӯз, муовини раиси КИ ибтидоии «Молия ва иқтисод»-и ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ва А.Давлатзода, сардори раёсати корҳои тарбиявии донишгоҳ санаи 9-уми декабри соли равон ҷаласаи ташкилоти ибтидоии ҳизбии факултетҳои иқтисод ва бизнес ва ҳисобдорӣ ва омор доир гардид, ки дар он устодон ва донишҷӯён иштирок намуданд.
Деканони факултет А.Нурализода ва Ғ.Ғафуров дар баромади худ қайд намуданд, ки устодон ва донишҷӯёни факултетҳо дар ҳамаи чорабиниҳои фарҳангӣ, сиёсӣ, донишгоҳӣ, ноҳиявӣ, шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ фаъолона иштирок менамоянд.
Дар ташкилоти ибтидоии ин факултаҳо устодони таҷрибадор, номзадони илм ва дотсентон бомуваффақият кор мекунанд, дарсҳои сиёсӣ дар гурӯҳҳои академӣ мунтазам гузаронида мешаванд ва дар онҳо сиёсати пешгирифтаи Пешвои муаззами миллат, раиси ҲХДТ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаҳмонида мешавад.
Қайд карда шуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳизби пешсаф буда, садоқат ба ормонҳои халқ ва соҳибиродаву бомасъулият будан ду рукни асосии он мебошад. Аъзои ҲХДТ будан ин шараф ва ифтихори ҳар як нафар буда, танҳо шахсони масъулиятшиноси худогоҳ метавонанд ба он аъзо шаванд.
Баргузории чунин ҷаласаҳои ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар дигар факултаҳо дар назар дошта шудааст.
Тағоймурод Эшзода