Хабарҳо
Мукофот барои подоши заҳматҳо
Боиси ифтихор аст, ки санаи 7 декабри соли равон бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти молия Маъдиев Саъдихоҷа, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсенти кафедраи таҳлили иқтисодӣ ва омори ДДМИТ барои саҳми арзанда гузоштан дар тақвияти корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, таълимию тарбиявӣ ва такмили ихтисоси кормандони соҳаи молияи ҷумҳурӣ аз ҷониби Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода бо нишони фахрии “Аълочии молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” мукофотонида шуд.
Бояд қайд намуд, ки Маъдиев Саъдихоҷа аз зумраи устодони пуртаҷриба ва болаёқати Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, иштирокчии фаъоли симпозиумҳо, конференсияҳои илмӣ-амалӣ, мизҳои мудаввар ва дигар чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ мебошад. Номбурда муаллифи беш аз 70 корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ аз ҷумла 2 китоби дарсӣ, 1 монография, 1 воситаи таълимӣ, 3 дастури методӣ ва 45 мақолаи илмӣ мебошад.
Устод Маъдиев С., инчунин соли 2019 бахшида ба 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои саҳмгузорӣ дар пешбурди соҳаи молияи ҷумҳурӣ бо “Ифтихорнома”-и Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шудааст.
Мо бо ин дастоварди муҳим устод Саъдихоҷа Маъдиевро муборакбод намуда, барояш сиҳатмандӣ ва дар корҳои педагогию илмияш муваффақият таманно дорем.