Хабарҳо
Моҳияти иқтидори имтиёзҳои гумрукӣ
Бо иштироки муовини сардори Маъмурияти системаи иттилоотии автоматонидашудаи ягонаи Хадамоти гумрук, майори хадамоти гумрук Дилшод Соибов кафедраи фаъолияти гумрукии факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалии донишгоҳ санаи 12-уми декабри соли равон дар якҷоягӣ бо донишҷӯёни курси сеюми ихтисоси хадамоти гумрук дар мавзуи “Моҳияти иқтидори имтиёзҳои гумрукӣ дар самаранокии фаъолияти иқтисодии хориҷии кишвар” маҳфили “Зеҳн” баргузор намуд.
Д. Соибов дар баромади худ қайд намуд, ки имтиёзҳои гумрукӣ ин муқаррароте мебошанд, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ нисбати шахсони муайян бартариро муқаррар намудааст, ки онҳо дар ҷараёни интиқоли мол ва воситаи нақлиёт аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз супоридани пардохти гумрукӣ озод мебошанд. Намудҳои имтиёзноки гумрукӣ иборат аз имтиёзҳои гумрукӣ барои шахсони воқеӣ ва имтиёзи гумрукӣ барои мол (имтиёзи тарифӣ) мебошад.
Мақсади асосии пешниҳоди имтиёзҳо ин таъмини ҳавасмандгардонии молиявию иқтисодии андозсупорандагон ҷиҳати рушд ва васеъ намудани доираи фаъолияти соҳаҳои афзалиятнок, таъсиси ҷойҳои кории нав, баланд бардоштани фонди музди меҳнат, ҳавасмандгардонӣ ва беҳтар намудани сатҳи иҷтимоии кормандон, фароҳам овардани шароити мусоиди иқтисодӣ барои рушди истеҳсолот ва ҷалби сармоя; дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар ҳалли мушкилиҳои хусусияти иҷтимоидошта мебошанд.
Дар музокираи маҳфил бошад, декан Ф. Убайдов, мудири кафедра Х. Давлатов ва дотсент Қ. Мираков баромад намуданд.
Аз мавзуи баррасишудаи маҳфил устодон ва донишҷӯён ба худ як ҷаҳон таассурот бардоштанд.
Тағоймурод Эшзода