Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Мавлонохонӣ дар «Сайри сухан»

Мавлонохонӣ дар «Сайри сухан»

Санаи 13-уми декабри соли равон бо ибтикори раёсати илм ва инноватсия ва кафедраи забони тоҷикӣ маҳфили илмӣ-адабии умумидонишгоҳии «Сайри сухан» дар мавзуи «Мавлонохонӣ» баргузор гардид. 
Маҳфили мазкурро бо сухани муқаддимавӣ муовини ректор оид ба илм Б. Сафаров ифтитоҳ намуда, меҳмононро шинос ва ташрифашонро ба донишгоҳ хайрамақдам гуфт. 
Сипас роҳбари маҳфили «Сайри сухан» Ҷумъа Махшул қайд кард, ки «Маснавии маънавӣ» яке аз беҳтарин осори Ҷалолиддини Балхӣ дар адабиёту фарҳанги гузаштаи мо ба шумор рафта, вирди забони хурду калон гаштааст. Сабку нигориши асар мушкил набуда, бо баробари хондан мақсади шоирро дарк кардан мумкин аст. 
Дар ҳақиқат, ҳикоёти асар аз таҷрибаи ҳаёт гирифта шуда, дар рафти зиндагӣ хато накардан, сабру таҳаммулро пеша кардан, хиёнаткор набудан, дар интихоби дӯст мушоҳидакор будан ва аз худ номи некро боқӣ гузоштанро тараннум мекунад. 
Меҳмонони маҳфил - Беҳрузи Забеҳулло, номзади илмҳои филология, мудири шуъбаи адабиёти муосири Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ дар мавзуи «Андешаҳои умумибашарии Мавлоно» ва Ҷалолиддин Саидзода, номзади илмҳои педагогика, ходими калони институти мазкур дар мавзуи «Мавлоно шоири миллӣ ва байналмилалӣ» баромади пурмуҳтаво карданд. 
Гуфта шуд, ки «Маснавии маънавӣ» асари маъруфи фарзанди фарзонаи миллати тоҷик Ҷалолуддини Балхӣ мебошад, ки тибқи баъзе аз сарчашмаҳо, ин шахсияти маъруф дар водии Вахш, дар давлати Ғуриёни тоҷик ба дунё омадааст. 
Донишҷӯён дар идомаи маҳфил аз «Маснавии маънавӣ»-и Мавлавӣ шеърҳо қироат карданд ва дар анҷоми он музокира сурат гирифт, ки ширкаткунандагон хеле фаъол буданд. 
Маҳфили «Сайри сухан» барои дӯстдорони шеъру адаб ва забони адабии тоҷикӣ басо ҷолибу хотирмон буда, он барои интихоб ва тарбияи ҷавонони боистеъдоду соҳибқалам мусоидат мекунад. 


Н.Сироҷова