Хабарҳо
Мадинабону Нурублоева ҳимоя кард
Ҳимояи рисолаҳои номзадӣ аз тарафи устодон дар донишгоҳ барои тақвияти иқтидори илмии таълимгоҳ заминагузор буда, дар болоравии сифати таҳсилот ва омодасозии кадрҳои ҷавобгӯи талаботи замон мусоидат менамояд. Боиси хушнудист, ки имрӯз боз сафи олимони ҷавони донишгоҳ аз ҳисоби занону бонувон афзуд.
Санаи 15-уми декабри соли равон дар Шурои диссертатсионии 6D.КОА014 назди ДДМИТ, муаллими калони кафедраи иқтисоди корхона ва соҳибкорӣ Мадинабону Нурублоева дар мавзуи “Ташаккул ва инкишофи кластерҳои ҳудудию саноатӣ дар минтақа” (дар мисоли вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон)” барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои иқтисодӣ аз рӯйи ихтисоси 08.00.03 – Иқтисодиёти минтақавӣ ва ҳудудӣ таҳти роҳбарии Фирӯз Қодиров, номзади илмҳои иқтисодӣ рисолаи номзадии худро бомуваффақият ҳимоя намуд.
Мо бо ин дастоварди бузург Мадинабону Нурублоеваро муборакбод намуда, дар фаъолияти минбаъдаи илмию педагогиаш комёбиҳо таманно дорем.
Тағоймурод Эшзода