Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Бизнес- нақшаи беҳтарин

Бизнес- нақшаи беҳтарин

Санаи 12 декабри соли равон дар факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ дар якҷоягӣ бо дотсенти кафедраи менеҷмент Назарамонова Давлатмо дар байни донишҷӯёни ихтисосҳои 1-25010300 ва 1-96010102 чорабинии илмӣ-инноватсионӣ озмуни «Бизнес- нақшаи беҳтарин» бахшида ба 29-умин солгарди таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон гузаронида шуд.
Бояд гуфт, ки ҳадафи стратегии мамлакат таъмини амнияти озуқаворӣ мебошад ва озмуни навбатӣ маҳз барои амалисозии ин ҳадаф нигаронида шуда буд. Донишҷӯён тавонистанд, ки бо таври презентатсия ва видеороликҳо чорабиниҳеро намоиш диҳанд, ки барои қонеъ намудани талаботи аҳолӣ ва пешгирии буҳронҳои озуқаворӣ равона шудаанд, 
Аз тарафи садорати факултет барои ташаббус ба Назарамонова Д. ва як қатор донишҷӯёни фаъоли ин озмун сипосномаҳо тақдим гардид.