Хабарҳо
Индикаторҳои фарогирии молиявӣ
Тибқи нақшаи кафедраи таҳлили иқтисодӣ ва омори факултети ҳисобдорӣ ва омор санаи 16-уми декабри соли равон бо даъвати сардори шуъбаи КИТ-и Пажуҳишгоҳи илмӣ - таҳқиқотии Бонки миллии Тоҷикистон, дотсент Аббос Норов дар мавзуи “Индикаторҳои фарогирии молиявӣ, мазмун, моҳият ва тартиби ҳисоби онҳо” зермаҳфили “Зеҳн” баргузор гардид.
Дар чорабинӣ устодони факултети ҳисобдорӣ ва омор, донишҷӯёни курсҳои 1-уми ихтисоси таҳлили иқтисодӣ ва курси 4-уми ихтисоси танзими давлатии иқтисодиёти миллӣ иштирок намуданд.
А.Норов дар баромади худ қайд намуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон “Стратегияи миллии фарогирии молиявӣ барои солҳои 2022-2026” мавриди амал қарор дорад. Илова ба ин, дар ҷаҳони муосир фарогирии молиявӣ барои аҳолӣ ҳамчун воситаи самаранок баҳри фароҳам овардани дастрасӣ ва истифодаи хизматрасониҳои муосири молиявӣ ба ҳисоб меравад.
Оид ба намунаи индикаторҳои Стратегияи миллии фарогирии молиявӣ аз ҷониби мутахассиси соҳа таҳлилҳои ҷолиб карда шуд ва байни нотиқ ва донишҷӯён вобаста ба ин масъала баҳсҳои илмӣ сурат гирифт.
Тағоймурод Эшзода