Хабарҳо
Илм асоси пешравист
Санаи 19 декабри соли ҷорӣ дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон таҳти раёсати муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон –Ҷамшед Ҷӯразода ҷаласаи Шурои муовинони ректор оид ба илм ва инноватсияи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ баргузор гардид. Дар ҷаласаи мазкур сардори раёсати илм ва инноватсияи Вазорати маориф ва илм ва кормандони он, муовинони ректор оид ба илм ва инноватсияи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар иштирок намуданд.
Ќабл аз баргузории ҷаласаи мазкур дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон намоиши дастовардҳои донишҷӯёну устодони донишгоҳ баргузор гардид. Дар намоиши мазкур дастовардњои њамаи факултетњо аз љониби муовинони декан оид ба илм ба њозирин муаррифї гардид.
Ҷаласаро муовини якуми вазири маориф ва илм оғоз намуда, қайд кард, ки баҳри амалӣ намудани сиёсати маорифпарварона ва илмҷўёнаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва татбиқи сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илму маориф Вазорати маориф ва илм Шурои муовинони ректор оид ба илм ва инноватсияи муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро таъсис дод.
Сипас, оид ба вазъи амалишавии бандҳои дахлдори самти илм ва инноватсияи «Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» сардори раёсати илм ва инноватсияи Вазорати маориф ва илм Сироҷиддин Ниёзӣ суханронӣ намуд. Мавсуф қайд намуд, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29.09.2020, №526 «Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ба тасвиб расида аст. Дар робита ба ин, Вазорати маориф ва илм Нақшаи чорабиниҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 сентябри соли 2020, № 526 аз 31.12.2020 №2567 ба тавсиб расонида, ҷиҳати амалишавии бандҳои он фаъолияти пурсамар намуда истодааст.
Вобаста ба масъалаи баррасишаванда аз ҷониби муовини якуми вазири маориф ва илм ба Шуро ва аъзоёни он дастур дода шуд, ки бандҳои Низомномаи магистратураро дар якҷоягӣ бо раёсати илм ва инноватсия мавриди баррасӣ қарор дода, ба ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ва тасвиб расонидан то охири моҳи январ чораҷӯӣ намоянд.
Ҳамзамон, оид ба масъалаи дуюм баррасии лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ворид намудани тағйирот ба замимаи 2 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10.02.2016, №66 «Дар бораи Низомномаи магистратура» низ баромади Ниёзӣ Сироҷиддин шунида шуд. Гуфта шуд, ки дар баргузории ҷаласаи якуми Шуро, ки 24 феврали соли 2023 баргузор гардида буд, ба ноибони ректор оид ба илм ва инноватсия дастур дода шуда буд, ки оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба замимаи 2 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10.02.2016, №66 “Дар бораи Низомномаи магистратура” фикру пешниҳодҳояшонро ба тариқи хаттӣ ва электронӣ ба раёсати илм ва инноватсияи вазорат пешниҳод намоянд. Раёсати илм ва инноватсия пешниҳоду таклифоти муассисаҳоро мавриди баррасӣ қарор дода, ба низомномаи болозикр тағйироту иловаҳо ворид намудааст.
Дар идомаи ҷаласа Муминзода Некруз – сармутахассиси раёсати илм ва инноватсия оид ба татбиқи «Низомномаи озмуни ҷумҳуриявии «Магистранти сол» миёни магистрони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Муҳаққиқ ва ихтироъкори ҷавон» миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориш дод.
Сипас маърузаи муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон –Сафаров Баҳром оид ба «Дастовардҳои илмӣ-таҳқиқотии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон» шунида шуд.
Боиси ифтихор аст, ки дар ќисмати охири љаласа аз номи ВМИЉТ ба ДДМИТ барои ташаббус ва иштирок дар баргузории даври нињоии озмуни љумњуриявии ««Тољикон» оинаи таърихи миллат» сипоснома эњдо гардид.
Дар охир Ҷамшед Ҷӯразода, муовини якуми вазири маориф ва илм ба ҳамаи иштирокчиёни ҷаласа дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ, баланд бардоштани масъулияти касбӣ, тарбияи насли наврасу ҷавон дар рӯҳияи худшиносии милливу ватандӯстї комёбиҳо таманно намуд.
Мирзоева Е.Ш., сардори раёсати илм ва инноватсияи ДДМИТ