Хабарҳо
Ҳамоиши ҳизбиёни пойтахт бахшида ба 115-солагии Бобоҷон Ғафуров
Санаи 20-уми декабр бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, КИ ҲХДТ дар ноҳияи Сино ва КИ «Молия ва иқтисод» дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиши ҳизбиёни пойтахт дар доираи баргузории Симпозиуми байналмилалӣ бахшида ба 115-солагии аллома Бобоҷон Ғафуров баргузор гардид. Дар ҳамоиш Хонзода Абдураҳмон Умар - роҳбари дастгоҳи Кумитаи марказии ҲХДТ, Иброҳим Мирзозода - раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Душабе ва Заррина Файзуллозода - раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, устодону кормандон ва донишҷӯёни ДДМИТ иштирок намуданд.
Чорабиниро Иброҳим Мирзозода - раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Душабе оғоз бахшида, оид ба Симпозиуми байналмилалӣ бахшида ба 115-солагии Бобоҷон Ғафуров ва суханронии пурмуҳтавои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин симпозиум изҳори андеша намуд. Қайд карда шуд, ки дар асоси нақшаи чорабиниҳо дар тамоми сохторҳову ташкилотҳои ҳизбӣ ин санаи бузург ҷашн гирифта мешавад. Пешвои миллат аз ибтидо ба қаҳрамонони миллат арҷгузорӣ менамоянд ва ташкили симпозиуми байналмилалӣ шаҳодати ин гуфтаҳо мебошад.
Тақдими китоби «Тоҷикон» ба ҳар як оилаи тоҷикистонӣ, номгузории воҳидҳои маъмурӣ ба эҳтироми Бобоҷон Ғафуров, дар асъори миллӣ ҷой кардани акси аллома, номгузории донишгоҳ ва додани унвони «Қаҳрамони Тоҷикистон» нишони эҳтиром ба ин фарзанди фарзонаи миллат мебошад.
Сипас, Хонзода Абдураҳмон Умар - роҳбари дастгоҳи Кумитаи марказии ҲХДТ зимни баромад гуфт, ки симпозиуми байналмилалии баргузоршуда саропо пур аз эҳсоси ифтихори миллӣ ва ватандӯстӣ буд. Пешвои миллат аз ибтидои фаъолияти худ ватандӯстиро дар меҳвари сиёсати худ қарор доданд. Ҳисси баланди ватандӯстии шаҳрвандон давлатро абарқудрат мекунад. Тарбияи ҳисси ифтихор аз давлат ва истиқлолият бояд дар сатҳи оила шуруъ шавад ва қисми ҷудонашавандаи ҳаёти ҳаррӯзаи мо бошад.
Ҳамчунин А. Хонзода оид ба хизматҳои Пешвои миллат дар самти хомӯш кардани ҷанги шаҳрвандӣ, қабули Конститутсия, таъсиси Артиши миллӣ ва муайян кардану расидан ба ҳадафҳои стратегӣ маълумоти муфассал дод. Ҳамчунин, номзади илмҳои таърих, дотсенти кафедраи фанҳои гуманитарии ДДМИТ Асадулло Муллоҷонов дар бораи ҳаёту фаъолият, қаҳрамониҳо ва қиссаҳо аз ҳаёти академик Бобоҷон Ғафуров маълумот дод. Номбурда қайд намуд, ки Бобоҷон Ғафуров намунаи шахси ватандӯст ва фидоии миллат мебошад. Академик Б. Ғафуров дар замони бисёр мураккаб оид ба ифтихори милливу ҳисси худшиносӣ сухан мегуфт. Таълифи асари безаволи «Тоҷикон» дар даврони авҷи идеологияи коммунистӣ воқеан қаҳрамонӣ буд. Инчунин, дар маъруза паҳлуҳои гуногуни ҳаёти Б. Ғафуров ва нақши модари академик - шоир Розияи Озод маълумот дода шуд.
Ҳамоиш дар руҳияи баланди худшиносии миллӣ ба анҷом расид.
Фаридун Сафарзода