Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Паёми Пешвои Миллат - дастури корӣ ва созанда баҳри фаъолияти пурсамар

Паёми Пешвои Миллат - дастури корӣ ва созанда баҳри фаъолияти пурсамар

Санаи 28-уми декабри соли равон дар чанд толори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳайати профессорон, устодон, кормандон ва донишҷӯён ҷамъ омада, Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ» мустақиман тариқи телевизион тамошо карданд. 
Пешвои миллат дар Паёмашон самтҳои асосӣ ва афзалиятноки сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлат, маориф, тандурустӣ, сиёсати занон ва бонувон, иқтисодиёту иҷтимоиётро ҳаматарафа таҳлил намуда, ба масъулини соҳа дастуру супоришҳои мушаххас доданд. 
Бояд қайд кард, ки аҳли коллективи ДДМИТ ҳамасола аз рӯи нуктаҳои муҳимми Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ нақшаи чорабиниҳо тартиб дода, аз рӯйи он фаъолият мебаранд. 
Ҳамин аст, ки онҳо Паёмро ҳамчун дастури корӣ ва созанда баҳри фаъолияти пурсамар қабул намуда, иҷрои онро барои худ зарурӣ ва ҳатмӣ медонанд.