Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Татбиқи сиёсати мусоидат ба содирот ва воридотивазкунӣ

Татбиқи сиёсати мусоидат ба содирот ва воридотивазкунӣ

Рӯзи 23-юми декабри соли ҷорӣ бо ташаббуси кафедраи иқтисоди ҷаҳони факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалии ДДМИТ конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ дар мавзуи «Татбиқи сиёсати мусоидат ба содирот ва воридотивазкунии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити ҷаҳонишавӣ» доир гардид. 
Нахуст, муовини ректор оид ба илм Баҳром Сафаров дар бораи мавзуи матраҳгардида андешаҳои худро иброз намуда, афзуд, ки тӯли солҳои охир дар самти содирот ва воридотивазкунии маҳсулот ба хориҷи мамлакат дар ҷумҳурӣ пешравиҳои назаррас ба амал омаданд. Аз ин рӯ, даъвату ширкати мутахассисон дар чорабинӣ ба пешбурди корҳои илмӣ-таълимӣ ва тайёр намудани кадрҳои оянда нақши муассир дорад. 
Сипас, муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.и. дотсент Ашурбой Солеҳзода дар мавзуи «Механизми содагардонии расмиёти савдо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баромад намуд. 
А. Солеҳзода зикр кард, ки дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати кишвар бо мақсади дастгирии соҳибкорӣ, содагардонии расмиёти савдо ва тиҷорати электронӣ як қатор корҳои назаррас анҷом дода шудааст. 
Аз ҷумла, Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо таъсис дода шуда, 26 апрели соли 2019 Портали савдои Тоҷикистон ва 1 сентябри соли 2020 «Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротию воридотӣ ва транзитӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» расман мавриди истифода қарор гирифта, тамоми истифодабарандагони дохилию хориҷӣ аз он самаранок истифода бурда истодаанд. 
Ҳамзамон, бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид ба соҳибкорони ватанӣ, дастгирии истеҳсолкунандагони дохилӣ ва роҳёбӣ ба бозорҳои ҷаҳонӣ якчанд санаду барномаҳои соҳавӣ, аз ҷумла «Барномаи давлатии рушди содироти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025», «Консепсияи иқтисоди рақамии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тиҷорати электронӣ» қабул гардидаанд. 
Дар идома, ҷонишини директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Баҳодур Карим дар мавзуи «Рушди содироти Ҷумҳурии Тоҷикистон: дастовардҳо ва тадбирҳои минбаъда» суханронӣ намуд. Ба андешаи маърузакунанда, гардиши савдои хориҷии мамлакат рушд намуда, имрӯзҳо Тоҷикистон ба зиёда аз 110 давлат ҳамкориҳои тиҷоратиро ба роҳ монда, ба зиёда аз 50 давлат 500 номгӯи маҳсулот содирот менамояд. 
Гуфта шуд, ки рушди ин соҳа аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ аз 26-уми декабри соли 2019 бармеояд, ки дар он Роҳбари давлат қайд намуда буданд: “Сиёсати давлат дар соҳаҳои савдо ва хизматрасонӣ дар ояндаи наздик бояд ба се самти асосӣ - ҳавасмандгардонии содирот, таъмин намудани гуногуншаклии истеҳсолоти ба содирот нигаронидашуда ва содагардонии расмиёти савдо равона гардад”. 
Б. Раҳимзода, ҳамзамон дар бораи фаъолияти Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот дода, иброз дошт, ки агентии мазкур бо мақсади мусоидат ба рушди босуботи миқдор ва сифати содироти молу маҳсулот ва хизматрасониҳои истеҳсоли ватанӣ ба хориҷи кишвар, мусоидат дар баланд бардоштани иқтидори содиротии кишвар, ки шароити рақобатпазириро барои молу хизматрасониҳои ватанӣ дар бозорҳои хориҷӣ таъмин менамояд, таъсис дода шудааст. 
Агентии содирот бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат ҷиҳати ҳавасмандгардонии содирот тадбирҳои заруриро амалӣ намуда истодааст. Инчунин, дар оянда бо мақсади ба роҳ мондани содагардонии расмиёти савдо ва кам кардани хароҷоти зиёдатӣ, ки ба истеҳсолкунандагон ва содироткунандагон мусоидат менамояд, чораандешӣ менамояд. 
Мурод Худоиев, дотсенти кафедраи иқтисоди ҷаҳони ДМТ дар мавзуи “Воридивазкунӣ дар шароити саноатикунонии босуръат” маъруза намуда, гуфт, ки мо бояд марҳила ба марҳила содиротро рушд дода, нақшаи тараққиёти ин соҳаро дуруст тарҳрезӣ намоем ва ба хоҷагиҳои деҳқонӣ дар самти андоз ва додани қарзҳо имтиёзҳои бештар ҷорӣ созем. 
Анна Комелова - дотсенти кафедраи даромадҳои гумрукӣ ва танзими тарифии филиали Санкт-Петербургии ба номи В.Е. Бобковаи Академияи гумруки Россия дар мавзуи “Воситаҳои таҳлили бозорҳо барои гузаронидани тадқиқотҳои маркетингии содироткунандагони Тоҷикистон”, инчунин, Галина Федотова - дотсенти Мактаби олии хизматрасонӣ ва савдои Донишгоҳи политехникии ба номи Пётри Кабири Санкт-Петербург дар мавзуи “Нақши низоми ҳамоҳангсозии Созмони умумиҷаҳонии гумрук дар рушди савдои берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба таври маҷозӣ баромад намуданд. 
Баъд аз нисфирӯзӣ кори конфронс дар бахшҳо идома ёфт. 


Наврӯз Ҷобиров