Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Дар соҳаи илми иқтисод сафи олимон боз афзуд

Дар соҳаи илми иқтисод сафи олимон боз афзуд

Санаи 26-уми декабри соли равон дар Шурои диссертатсионии 6D.КОА-017-и назди Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳимояи рисолаи номзадии эдвайзер оид ба корҳои тарбияи факултети иқтисод ва бизнеси ДДМИТ Бахтовар Давлатов дар мавзуи “Такмили инструментҳои иттилоотиву таҳлилии идоракунии нақлиёти ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон” сурат гирифт. 
Номбурда рисолаи илмиашро барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои иқтисодӣ аз рӯйи ихтисоси 08.00.06. - иқтисодиёт ва идоракунӣ тибқи самтҳои фаъолият (08.00.06.04. - ташкил ва идоракунии корхонаҳо, низомҳо ва комплексҳо) таҳти роҳбарии Олимҷон Бобоев, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессори кафедраи идораи давлатӣ ва иқтисодиёти миллии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бомуваффақият ҳимоя кард. 
Навгонии илмии таҳқиқот аз асоснок гардонидани заминаҳои назариявию амалии мукаммалгардонии инструментҳои иттилоотиву таҳлилии идоракунии нақлиёти ҳавоии Тоҷикистон дар марҳалаи нави рушди мамлакат иборат мебошад. 
Мо олими ҷавон Бахтовар Давлатовро бо ин дастоварди ниҳоят муҳим муборакбод намуда, барояш парвозҳои нави эҷодиро таманно карда, боварию умед дорем, ки кори илмии анҷомёфта барои пешрафти кишвар дар амалия татбиқ карда мешаванд. 


Тағоймурод Эшзода