Хабарҳо
Дар соли 2023 натиҷаҳои фаъолият назаррасанд
Рӯзи 30-юми декабри соли 2023 дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҷаласаи васеи ғайринавбатии шурои олимон доир гардид, ки дар он ҳайати профессорону устодон ва кормандони донишгоҳ иштирок намуданд.
Тибқи рӯзномаи ҷаласа, маърузаи ректори донишгоҳ Абдуалимзода Ҳакимбек ҳисобот оид ба натиҷаҳои фаъолияти ДДМИТ дар соли 2023 ва вазифаҳо барои соли 2024 шунида шуд, ки фарогири фаъолияти тамоми ҷабҳаҳои донишгоҳ дар муддати соли ҳисоботӣ буд. Ректор дар бораи натиҷаҳои фаъолияти яксолаи донишгоҳ муфассал суханронӣ карда, барои соли 2024 вазифаҳоро муқаррар кард. Дар баромади мавсуф ҳамаи паҳлуҳои фаъолияти сохторҳо ҳамаҷониба таҳлил ва нисбати беҳбудӣ бахшидан дар самти корҳои таълимию методӣ, илмӣ, тарбиявӣ, равобити байналмилалӣ ва молиявию хоҷагидорӣ андешаҳои ҷолиб иброз гардид.
- Соли 2023 барои мардуми шарифи Тоҷикистон бо рӯйдодҳои муҳимму дастовардҳои беназир соли воқеан таърихӣ ва хотирмон буд ва ин аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд, ки дар назди мо вазифаҳои муҳим ва ҳалталабро вогузор намуданд.
Ректори донишгоҳ, аз ҷумла қайд кард, ки ҷамъбасти соли 2023 бозгӯи он аст, ки дар фаъолияти ДДМИТ муваффақиятҳои назаррас ба даст омадаанд, ки натиҷаи ташкили дурусти раванди таълим, роҳбарӣ, дастгирӣ ва назорати мунтазами фаъолияти ҳайати профессориву омӯзгорӣ ва тамоми кормандон мебошад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки маҳсулнокии меҳнати кормандони донишгоҳ дар ҳамаи самтҳои фаъолияти таълимӣ беҳтар гардидааст. Аввалан, ДДМИТ аз аттестатсия ва аккредитатсияи давлатӣ гузашта, соҳиби иҷозатнома барои фаъолият дар панҷ соли оянда гардид. Чанд устоди донишгоҳ – Н. Аслонова бо медали «Хизмати шоиста» ва С. Маъдиев бо нишони «Аълочии молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» мукофотонида шуданд, ки ин дастовардҳо фахри донишгоҳ аст.
Донишгоҳ бо таҷҳизоти муосири информатсионию коммуникатсионии навъҳои гуногун муҷаҳҳаз буда, дар раванди таълим заминаи муосир ва мукаммали моддию техникӣ фароҳам оварда шуда, мавриди истифода қарор дорад. Раванди таълим дар донишгоҳ дар соли таҳсили 2023 тавассути барномаи автоматикунонидашудаи рақамӣ ба роҳ монда шуда, имтиҳонҳои сессияҳои тобистона ва зимистона тибқи ҳамин барнома баргузор карда шуд.
Ҷалби устодон ба курсҳои бозомӯзӣ, омӯзишӣ ва такмили ихтисос дар дохил ва хориҷи кишвар дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуда, тибқи нақшаи дурнамо 36 нафар омӯзгор сафарбар карда шуданд. Дар соли 2023 аз ҷониби устодони донишгоҳ 77 монография, китоби дарсӣ, васоити таълимӣ ва дастури таълимӣ-методӣ ба нашр расид.
Дар баробари ин, аз ҷониби устодон, унвонҷӯён, доктор PhD аз рӯи ихтисос, магистрантон ва донишҷӯёни донишгоҳ дар соли 2023, дар маҷмуъ, 1470 маводи илмӣ-таълимӣ ба нашр расидааст.
Ҳамзамон, дар соли 2023 Маркази табъу нашри Ҷумҳурии Узбекистон бори аввал дар доираи мамлакатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил озмуни байналмилалии корҳои илмиро ташкил намуд, ки дар он сардори раёсати тарбияи ДДМИТ Абдулло Давлатзода бо мақолаи худ дар мавзуи “Манфиати миллӣ ва масъалаҳои баҳсангези минтақаи Осиёи Марказӣ” дар номинатсияи “Беҳтарин мақолаи илмӣ дар соли 2023” бо сертификат сарфароз гардид.
Дар самти ҳимояи рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ бошад, дар соли 2023 30 нафар - 3 нафар рисолаи докторӣ ва 27 нафар рисолаи номзадии худро дар шуроҳои диссертатсионии дохили кишвар бомуваффақият ҳимоя намуданд.
Дар соли таҳсили 2023 дар донишгоҳ тибқи нақша 9 конференсияи илмӣ-амалӣ дар сатҳи зарурӣ баргузор гардид. Инчунин, дар доираи нақшаи баргузории машваратҳои илмӣ 12 мизи мудаввар ва 3 семинари илмӣ-амалӣ бо даъвати меҳмонон аз вазорату идораҳои дахлдор ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ баргузор шуданд.
Бояд қайд намуд, ки донишгоҳ соли ҷорӣ ташаббускор ва мизбони якчанд озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ бо иштироки тамоми МТОК, аз ҷумла, Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин донандаи Кодекси андоз», «Беҳтарин барномасоз», «Беҳтарин донандаи Кодекси гумрук», «Беҳтарин донандаи Конститутсияи ҶТ» гардид.
Бо мақсади таъмини сифати таҳсилот ва фаъолияти корҳои тадқиқотӣ-илмӣ, тайёр намудани кадрҳои баландихтисос дар сатҳи байналмилалӣ донишгоҳ аз давраи ташкилшавӣ дар рушди фаъолияти байналмилалӣ диққати махсус зоҳир намуда, бо зиёда аз 143 донишгоҳ ва ташкилотҳои хориҷӣ ва дохилӣ шартномаи ҳамкорӣ бастааст.
Бо баробари қаноатмандӣ аз пешравиҳои фаъолияти меҳнатӣ, ҳамзамон ректор ба нуктаҳое таваҷҷуҳ зоҳир кард, ки онҳо метавонанд дар рушди таълимгоҳ монеа эҷод намоянд. Аз ҷумла, давомот, камбудиҳо дар фаъолияти кории бархе аз кураторон, таҷдид нагардидани лексияҳо, иштироки нокифоя дар дарсҳои ҳамдигарӣ эрод гирифта шуд.
Баъдан устодон Мирзоев Ғ., Фақеров Ҳ., Аминов И, Абдулвоҳидова Ф., Сироҷова Н. ба музокира баромада, ҳисоботи яксолаи фаъолияти донишгоҳро қаноатбахш ҳисобида, барои бартараф кардани баъзе камбудиҳо тавсияҳои судманд доданд.
Дар охири ҷаласа бархе аз устодон, кормандону донишҷӯён, ки дар соли 2023 ба дастовардҳои навин ноил гардиданд, бо Ифтихорнома қадрдонӣ шуданд.
Ҳамзамон, беҳтаринҳо аз рӯйи номинатсияҳои беҳтарин декан, беҳтарин эдвайзери таълим, беҳтарин эдвайзери таълими шакли фосилавӣ, беҳтарин эдвайзери тарбия ва беҳтарин муовини декан оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ муайян гардиданд, ба мисли Нурализода А., Темурбекова С., Қодиров Ҷ., Гулов А., Шералии Сайдалӣ, Баротов А., Мирзоев С., Зубайдов Ҷ., Муминов Ф., Ҷангиев Ҷ. бо Ифтихорнома мукофотонида шуданд.
Аз ҷониби ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Калаков Ҷ. медал «Барои ҳамкорӣ» супорида шуд.
Дар баробари ин, ба дастаи футзалбозони донишгоҳ, ки дар мусобиқаи шаҳрӣ соҳиби Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе гардиданд, Ифтихорнома супорида шуд.
Дар охир, дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ҳавасмандгардонӣ баланд карда шудани музди меҳнати кормандон аз ҳисоби маблағҳои махсус дар ҳаҷми 10% эълон гардид. Дар ҷамъбаст ректори таълимгоҳ ҳозиринро бо фарорасии Соли нави 2024 табрик гуфта, барои иҷрои софдилонаи вазифаҳои дар пешгузошта масъулияти ҷиддӣ ва барор хост.
Бо ҳамин кори ҷаласаи васеи ғайринавбатии шурои олимон ҷамъбаст гардид.
Абдуллоева Машҳура
Наврӯз Ҷобиров