Хабарҳо
Дар меҳвари Паём - дастгирии иҷтимоӣ
Санаи 5-уми январи соли равон тибқи нақшаи чорабиниҳои факултети технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёти донишгоҳ, дар маҷлисгоҳи хобгоҳи рақами 2 бо донишҷӯён шарҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ доир гардид.
Нахуст, декани факултети технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт София Темурбекова Паёми навбатии Пешвои миллатро шарҳ дода, аз ҷумла, қайд намуд, ки дар Паёми навбатии Роҳбари давлат масъалаҳои гуногуни сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор гирифт. Ҳамчунин, ба масъулин дар самтҳои мухталиф дастуру супоришҳо дода шуда, барои беҳбудии шароити зисту зиндагонии мардуми шарифи Тоҷикистон нуктаҳои зарурӣ баён гардиданд.
Ҳалли саривақтии масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ ва фароҳам овардани шароит ҷиҳати зиндагии арзандаи мардум аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин мебошад.
Бо назардошти ин ва бо мақсади тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Роҳбари давлат пешниҳод намуданд, ки: «Аз 1-уми июли соли 2024 маоши вазифавии кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, дигар ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, инчунин, стипендияҳо 40 фоиз зиёд карда шавад».
Дар ҳақиқат, дастгириҳои Роҳбарияти олии мамлакат моро вазифадор менамояд, ки Паёми Президенти мамлакатро сармашқи кору зиндагии хеш қарор дода, барои баланд бардоштани сатҳу сифати кору хизматрасонӣ ҳамаҷониба кӯшиш намоем.
Исматулло Ҷумаев,
эдвайзер оид ба корҳои тарбияи факултети технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт