Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Ташреҳи Паём

Ташреҳи Паём

Рӯзи 8 январи соли 2024 дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон бо иштироки кормандону устодон ҷаласа бахшида ба баррасии дастуру ҳидоятҳо ва вазифаҳои дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ овардашуда доир шуд. 
Ректори донишгоҳ Абдуалимзода Ҳакимбек ҳамоишро кушода, дар бораи аҳаммияти Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ ва ҷанбаҳои иқтисодии он таҳлили амиқ намуда, афзуд, ки Паёми имсола фаъолияти ҳафт соли охирро ҷамъбаст ва вазифаҳоро барои солҳои минбаъда муайян кард. 
Абдуалимзода Ҳ. дар бораи нуктаҳое, ки рушди иқтисодии кишварро бозгӯ менамоянд, аз қабили истеҳсоли зиёди маҳсулот дар иқтисоди миллӣ, зиёд шудани пасандозҳои аҳолӣ, паст шудани сатҳи камбизоатӣ, беҳтар гардидани шароити иҷтимоии аҳолӣ ва давра ба давра боло бурдани маоши кормандони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, беҳтар шудани инфрасохтори сайёҳӣ, ташаккули буҷети ҷумҳурӣ ва дигар масоили иқтисодӣ ибрози андеша намуд. 
Сипас меҳмони чорабинӣ Ташрифзода Амиралӣ, муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Сино баромад карда, ҷанбаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии Паёмро таҳлил намуд. Мавсуф ба татбиқи иқтисодиёти сабз таваҷҷуҳ зоҳир намуда, ҳамчун ҳадафи афзалиятнок ва барои беҳдошти экологӣ мусоидаткунанда маънидод кард. 
Дар идома Фирӯз Қодиров, муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ баромад карда, Паёмҳои қаблиро бо Паёми имсола муқоиса карда, аз таърихи қабули стратегияҳои рушд ва ҳадафҳои стратегии мамлакат ёдовар шуд. Мавсуф, аз ҷумла афзуд, ки 60 фисади таҳлилҳо дар Паём ба соҳаи иқтисодиёт бахшида шуда буд ва аввалини онҳо маҳз ба соҳаи саноат, чун саноатикунонии босуръат дар мамлакат эълон карда шудааст. Ӯ 6 вазифаи аввалиндараҷаеро барои солҳои минбаъда, ки дар Паём омадааст, аз ҷумла ташаккули «иқтисоди сабз», суръат бахшидани раванди рақамикунонии иқтисодиёт, инкишофи неруи инсонӣ, баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулоти ватанӣ, тақвияти имкониятҳои содиротии мамлакат ва беҳтар гардонидани сифати хизматрасониҳои иҷтимоиро масъалаҳои афзалиятнок ҳисобид. Қодиров Ф. таъкид кард, ки Паём барои муҳаққиқон сарчашмаи маълумоти муътамад мебошад ва ҳангоми таҳқиқ бояд ба ҳар як нуктаи он аҳаммияти ҷиддӣ дод. 
Дар баромади Шавкат Исмоилов, профессори кафедраи ҳуқуқи иқтисодӣ, молиявӣ ва зиддикоррупсионӣ вобаста ба “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон гардидани соли 2024 маълумот дода, афзуд, ки дар замони имрӯза барои ҳар як фард мусаллаҳ шудан бо донишҳои ҳуқуқӣ ҳатмист, зеро он дар пешбурди фаъолият ва ҳалли масоили иҷтимоию молиявӣ ва дигар масъалаҳо нақши созгор дорад. 
Баҳром Сафаров, муовини ректор оид ба илм дар баромадаш гуфт, ки Ҳукумати мамлакат рушди бахши хусусӣ, соҳибкорӣ ва сармоягузориро дар Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 ҳамчун воситаи асосии ноил шудан ба ҳадафҳои миллӣ муайян кардааст ва ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид барои пешбурди фаъолияти соҳибкориву сармоягузорӣ, барои сармоягузорӣ ҷолиб гардонидани иқтисодиёти кишвар ва ба содирот нигаронидани он пайваста чораҷӯйӣ менамояд. 
Дар натиҷаи тадбирҳои амалигардида шумораи субъектҳои соҳибкорӣ дар 7 соли охир аз 62 ҳазор ба 350 ҳазор баробар гардид, ки натиҷаҳои назаррасанд. 
Дар фарҷоми ҷамъомад Абдуалимзода Ҳ. таъкид намуд, ки ҳайати устодону кормандон ва донишҷӯён бандҳои Паёмро ҷиҳати таъмини рушди иқтисодии кишвар, эълон гардидани Соли маърифати ҳуқуқӣ, баланд бардоштани сифати таълимро яке аз вазифаҳои асосии худ дониста, мекӯшанд ҳар як нуктаи онро ба омма фаҳмонанд ва Паёмро барои худ раҳнамои фаъолият донанд. Инчунин омӯзгорон бояд таҳлилҳои илмӣ намуда, дар машғулиятҳо аз он истифода баранд. 


Машҳура Абдуллоева