Хабарҳо
Кураторон дар асоси низомнома фаъолият намоянд
Бо ташаббуси садорати факултети ҳисобдорӣ ва омор санаи 9-уми январи соли равон дар ҳамкорӣ бо шурои кураторони донишгоҳ ҷиҳати дар амал татбиқ намудани Низомномаи шурои кураторон, ки аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, ҷаласа доир гардид.
Дар оғози ҷаласа декани факултет Ғ. Ғафуров баромад карда, қайд кард, ки дар шароити имрӯза тамоми кураторони гурӯҳҳои академии факултетро зарур аст, ки баҳри ҳимояи манфиатҳои миллӣ, тарбияи донишҷӯён дар рӯҳияи худшиносию худогоҳӣ ва меҳанпарастию пос доштани муқаддасоти миллӣ дар раванди баргузории соатҳои тарбиявӣ корҳоро пурзӯр ва ҷоннок намоянд. Зеро дар баробари дастовардҳо дар самти дарсҳои тарбиявӣ камбудиҳо ба назар мерасанд. Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки дарсҳои сиёсиро ба роҳ монем. Кураторони гурӯҳҳои академӣ метавонанд вобаста ба ихтисоси гурӯҳ донишҷӯёнро ба ташкилоту муассисаҳои давлатию хусусӣ бобати ошноӣ бо раванди кор сафарбар намоянд.
Сипас М. Давлатова баромад намуда, дар бораи сифати дарсҳои тарбиявӣ изҳори андеша намуда, ба талаботи низомномаи кураторӣ ҷавобгӯ набудани онҳоро махсус таъкид дошт. Бобати ҳуҷҷатгузорӣ ва сару либоси тавсиявии донишҷӯён ба кураторон тавсияҳо дода, аз тамоми кураторон даъват ба амал овард, ки фаъолиятро дар асоси низомнома ба роҳ монанд.
Ҷ. Халифазода, сардори шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ дар бораи тақвияти робитаи кураторон бо донишҷӯёни дар хобгоҳ истиқоматдошта ибрози андеша намуда, аз ҳолати будубош ва шароити маишии истиқоматӣ дар хобгоҳ бохабар шудан ба шахсони масъул тавсияҳои судманд дод.
Дар ҳақиқат, масъалаи баланд бардоштани сатҳи донишандӯзӣ ва таҳкими заминаи маънавии тарбияи ахлоқии донишҷӯён, маърифатнок намудан, дар рӯҳияи муҳаббат ба халқу Ватан ва бунёдкорию созандагӣ тарбия намудани онҳо вазифаи куратор ва волидон мебошад.
Ҷаъмахон Ҷангиев,
эдвайзер оид ба корҳои тарбияи факултети ҳисобдорӣ ва омор