Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Оғози омӯзиши курси кутоҳмуддати “1-С муҳосибот”

Оғози омӯзиши курси кутоҳмуддати “1-С муҳосибот”

Бо ташаббуси кафедраи баҳисобгирии муҳосибӣ, парки технологӣ ва раёсати илм ва инноватсия санаи 10-уми январи соли равон омӯзиши курси кутоҳмуддати “1-С муҳосибот” дар ДДМИТ оғоз гардид, ки он то санаи 10-уми феврал идома меёбад. 
Омӯзиши курси кутоҳмуддати “1-С муҳосибот” дар мавзуъҳои “Маълумоти умумӣ дар бораи барномаи 1-С муҳосиб”, “Вориднамоии маълумоти умумӣ дар бораи корхона ва барномаи 1- С муҳосиб”, ”Кор бо маълумотномаи барнома”, “Баҳисобгирии амалиётҳои дастӣ (вориднамоии ҳисобот оид ба вазъи молиявии корхона)”, “Баҳисобгирии воситаҳои пулии дар бонкбуда”, “Баҳисобгирии амалиётҳои хазина”, “Баҳисобгирии молҳо дар барнома”, “Баҳисобгирии воситаҳои асосӣ дар барнома”, ”Баҳисобгирии активҳои ғайримоддӣ” доир гардид. 
Инчунин, курс масъалаҳои ”Мувофиқнамоии параметрҳои барнома барои ҳисоб ва пардохти музди меҳнат”, “Фармоишҳо оид ба тағйироти кадрӣ”, “Баҳисобгирии музди меҳнат”, “Тартибдиҳии ҳисобот ва пешниҳоди он”, “Маълумоти умумӣ дар бораи барномаи 1-С муҳосиб”, ”Вориднамоии маълумоти умумӣ дар бораи корхона ва барномаи 1-С муҳосиб”, ”Кор бо маълумотномаи барнома”, ”Баҳисобгирии амалиётҳои дастӣ (вориднамоии ҳисобот оид ба вазъи молиявии корхона)”, ”Баҳисобгирии воситаҳои пулии дарбонкбуда”, “Баҳисобгирии амалиётҳои хазина”, “Баҳисобгирии молҳо дар барнома”, ”Баҳисобгирии воситаҳои асосӣ дар барнома”, “Баҳисобгирии активҳои ғайримоддӣ”, ”Мувофиқнамоии параметрҳои барнома барои ҳисоб ва пардохти музди меҳнат”, “Фармоишҳо оид ба тағйироти кадрӣ”, “Баҳисобгирии музди меҳнат”, “Тартибдиҳии ҳисобот ва пешниҳоди он”-ро дар бар гирифт. 
Ба он устодон: Б. Бобомуродов, мудири кафедраи баҳисобгирии муҳосибӣ ва Н. Каримов, муаллими калони кафедраи баҳисобгирии муҳосибӣ машғулият мегузаронанд. 
Дар шароити гузариш ба иқтисоди рақамӣ ташкил ва баргузории чунин курсҳо барои баланд бардоштани савияи дониши устодон ва шунавандагон аҳамияти баланди назариявию амалӣ дорад. 


Тағоймурод Эшзода