Хабарҳо
Дар кори тарбия бояд бетараф набошем!
Имрӯзҳо садорати факултети технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёти ДДМИТ ҳангоми баррасии масъалаи таълиму тарбияи донишҷӯён ва вохӯриҳо ба волидайни онҳо, вазифаи падару модарон, омӯзгорон ва ҳар як фарди худшиносу ватандӯстро фаҳмонида, бо ин васила, мекӯшанд ҷавононро ба роҳи рост ҳидоят созанд.
Дар ин асос, ҷаласаи васеи ҳайати сарпарастон бо иштироки раиси шурои кураторони донишгоҳ М. Давлатова ва декани факултет С. Темурбекова санаи 11-уми январи соли равон баргузор гардид. Дар он намояндагони раёсати корҳои тарбия, мудирони кафедра, устодон ва магистрон иштирок намуданд.
Баромадкунандагон С.Темурбекова ва М. Давлатова дар бораи иҷрои саривақтии вазифаҳои кураторон сухан ронда, таъкид намуданд, ки дар ҷодаи тарбия кураторон метавонанд саҳми босазо дошта бошанд. Яъне, куратор ҳам падари маънавии донишҷӯ ва ҳам чашму ҳуш ва дасти рости садорати факултет мебошад. Тарбия кардани насли наврас, бахусус ҷавонон аз ҳар яки мо масъулияти баландро тақозо менамояд.
Тарбияи насли наврас танҳо вазифаи устод ё куратор нест, балки он вазифаи аҳли ҷомеа аст. Ҳамагонро зарур аст, ки дар ин кор бетараф набуда, бо масъулияти баланд ба иҷрои вазифаҳои худ бикӯшанд, то натиҷаҳои назаррас ба даст оянд
Гузаронидани чунин вохӯриҳои судманд бо ҳайати сарпарастон яке аз самтҳои муҳими фаъолияти кормандони раёсати тарбия ба ҳисоб рафта, бо ин васила, метавон дар пешгирӣ аз амалҳои номатлуб ва тарбияи донишҷӯён дар роҳи дуруст такони ҷиддӣ бахшид.
Исматулло Ҷумаев, эдвайзер оид ба корҳои тарбияи факултети технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт