Хабарҳо
Оғози семинари илмӣ-омӯзишӣ дар ДДМИТ
Санаи 15-уми январ дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон семинари илмӣ-омӯзишӣ барои омӯзгорону кормандони донишгоҳ шуруъ гардид. Семинари илмӣ-омӯзишии мазкур то санаи 25-уми январ идома ёфта, дар он устодони ботаҷриба доир ба усулҳои фаъоли таълим, роҳҳои шавқовартар гузаронидани машғулиятҳо, тарзи гузаронидани машғулиятҳои лексиониву амалӣ маърузаҳо хоҳанд кард.
Кори семинарро муовини аввал, муовини ректор оид ба таълими ДДМИТ Ҷурахонзода Б.Ҷ. оғоз намуда, оид ба аҳаммияти чунин семинарҳо маълумот дод. Қайд карда шуд, ки семинари илмӣ-омӯзишӣ имкон медиҳад, ки устодон аз таҷрибаи якдигар барои ташаккули малакаи касбии худ истифода намоянд. Ҳамаи тадбирҳои роҳбарияти донишгоҳ, аз ҷумла ташкили курсҳои такмили ихтисос, омӯзишӣ ва бозомӯзӣ баҳри беҳтар кардани сатҳу сифати таълим равона гардидаанд.
Сипас, сардори раёсати таълими донишгоҳ дотсент Қаландаров А.Ш. баромад намуда, иброз дошт, ки дар баробари пешравиву дастовардҳо ҳанӯз ҳам дар самти таълим баъзе камбудиҳо ҷой доранд. Ҳадаф аз ташкили чунин семинарҳои омӯзишӣ маҳз бартараф кардани камбудиву норасоиҳо мебошад.
Сардори шуъбаи мониторинг ва идораи сифати таҳсилоти донишгоҳ дотсент Муллоҷонов А.К. низ баромад намуда, ба ҳозирин дар бораи хислатҳои хуби омӯзгор, масъулияти ӯ, мақоми ӯ дар ҷомеа ва роҳҳои такмили ихтисос ва малакаи касбии омӯзгорон маълумот дод. Аз дастгириҳои пайваста ва эътимоди Пешвои миллат нисбати омӯзгорон ёдовар шуда, Муллоҷонов А. қайд намуд, ки мо – омӯзгоронро зарур аст, ки бо ҳисси масъулияти баланди касбӣ рисолати омӯзгории худро иҷро намоем.
Дар фарҷом музокира ва саволу ҷавоб баргузор гардид.
Сафарзода Ф.