Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Маърифати баланди ҳуқуқӣ - омили пешгирикунандаи амалҳои коррупсионӣ

Маърифати баланди ҳуқуқӣ - омили пешгирикунандаи амалҳои коррупсионӣ

Санаи 16-уми январ дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиши муштараки Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ДДМИТ таҳти унвони «Муқовимат бо коррупсия аз ҳадафҳои меҳварии сиёсати давлат: дирӯз, имрӯз ва фардо» баргузор гардид. 
Ҳамоишро ректори ДДМИТ Абдуалимзода Ҳакимбек Абдуалим оғоз намуда, дар бораи зарар ва оқибатҳои коррупсия барои ҷомеа маълумот дод. Қайд карда шуд, ки коррупсия дар ҷомеа бовариро ба мақомотҳои давлатӣ аз байн мебарад, сатҳи ҷинояткориро баланд менамояд, ба давлат зарари калони молиявӣ мерасонад ва аз ҳама муҳим, суботи ҷомеаро аз байн мебарад. Қонуну стратегияҳо ва дигар санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ дар самти мубориза бо коррупсия маҳз барои пурзӯр кардани мубориза бо ин падидаи манфӣ қабул шудаанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мубориза бо коррупсия ба муваффақиятҳои зиёд ноил шудааст, аммо ҳамаи моро зарур аст, ки ба ин иктифо накарда, муборизаро дар ин самт боз ҳам ҷонноктар намоем. 
Сипас, Розиқзода Алихон Абдулҳаким, подполковники адлия, сарнозири Раёсати муқовимат бо коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан карда, иброз дошт, ки ташкили чунин ҳамоишҳо барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мусоидат мекунанд. Дар навбати худ, шаҳрвандони маърифати баланди ҳуқуқидошта ба амалҳои коррупсионӣ роҳ намедиҳанд. Қайд карда шуд, ки мақомоти махсусгардонидашудаи мубориза бо коррупсия корро дар тамоми ҳудуди ҷумҳурӣ самаранок ба роҳ монда, баҳри паст шудани сатҳи он тамоми чораҳоро андешида истодаанд. Дар идома А. Розиқзода қайд намуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Шурои миллии мубориза бо коррупсия фаъолият менамояд, ки тамоми иқдомот дар самти мубориза бо коррупсияро ҳамоҳанг месозад. 
Дар музокира, мудири кафедраи ҳуқуқи иқтисодӣ, молиявӣ ва зиддикоррупсионӣ дотсент Бобоев Ҷ.Қ. баромад намуда, ҷиҳати зарари коррупсия, иҷрои нишондодҳои санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ, зарурати таълими фанни муқовимат бо коррупсия ва маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон маълумот дод. 
Дар фарҷоми ҳамоиш ширкаткунандагон ба нотиқон суолҳо дода, ҷавобҳои қаноаткунандаву мушаххас гирифтанд.