Хабарҳо
Хидмати шоистаи собиқадорони меҳнат
Санаи 22-юми январи соли равон дар ҷаласаи ғайринавбатии раёсати Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон сурат гирифтани тағйироти кадрӣ эълон гардид. Бо сабаби ба синни нафақа расидан сардори раёсати таълими донишгоҳ Асомуддин Қаландаров ва мудири кафедраи назарияи иқтисодӣ Фирӯз Насриддинов аз вазифаҳои ишғолкардаашон сабукдӯш карда шуданд.
Сараввал ректори донишгоҳ Ҳакимбек Абдуалимзода аз хизматҳои шоёни эшон ёдовар шуда, мақоми онҳоро дар таълиму тарбияи донишҷӯён ва пешрафти корҳои илмию тадқиқотии донишгоҳ назаррас арзёбӣ намуда, барояшон саломатӣ, осоиши рӯзгор ва дар корҳои педагогиашон бурдбориҳо хост. А.Қаландаров ва Ф.Насриддинов дар ҷавоб ба дастгирӣ ва қадрдониҳо изҳори сипос намуда, иброз доштанд, ки онҳо аз таълиму тадрис дур намешаванд ва дар болобурди мақоми донишгоҳ минбаъд низ саҳми худро мегузоранд.