Хабарҳо
Нақши мақомоти гумрук дар рушди иқтисоди миллӣ
Санаи 23-уми январи соли равон дар факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалии ДДМИТ семинари илмӣ-назариявии донишгоҳӣ дар мавзуи “Нақши мақомоти гумрук дар рушди иқтисоди миллӣ” баргузор гардид. Дар он муовини ректори Донишкадаи такмили ихтисоси Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники хизмати гумрук М. Маҳмадҷонов иштирок ва суханронӣ намуд.
Нахуст, декани факултет Ф. Убайдов қайд кард, ки бино бо маълумоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, хадамоти гумруки кишварамон саҳмгузори асосии ғанигардонии буҷети давлатӣ мебошад ва кору фаъолияти хуби ин мақомот имкон дод, ки музди маоши кормандони соҳаҳои буҷетии кишвар баланд бардошта шавад.
Мутахассиси соҳа М. Маҳмадҷонов зимни суханронӣ гуфт, ки мавқеи мақомоти гумрук дар самти танзими фаъолияти иқтисодии хориҷии кишвар басо муҳим аст. Ҳамчунин, таъмини амнияти иқтисодии кишвар аз рисолати асосии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб шуда, боиси рушди соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон мебошад.
Хадамоти гумрук фаъолияти худро тибқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати мамлакат ва қонунгузории амалкунанда ба роҳ монда, ҷиҳати иҷрои вазифаҳои базиммагузошташуда корҳои муайянеро ба анҷом мерасонад.
Дар музокира профессор С. Мирсаидов, полковники хадамоти гумрук М. Абдуллоев, муаллими калон О. Шомуддинов аз нақши боризи мақомоти гумруки Тоҷикистон дар таъмини амнияти иқтисодӣ ва ҳимояи манфиатҳои иқтисодии Тоҷикистон ҳангоми интиқоли молҳо аз сарҳади давлатӣ ёдовар шуданд.
Тағоймурод Эшзода