Хабарҳо
Ташаккули маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон
Дар раванди ҷомеаи пешрафта ва адолатпарвар масъалаи ташаккули маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон нақши калидӣ дорад. Аз ин лиҳоз, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон карда шавад. Бо ин мақсад санаи 26-уми январи соли равон дар ДДМИТ бо иштироки устодон дар мавзуи «Маърифати ҳуқуқӣ» семинари илмӣ баргузор гардид.
Баҳодур Ҷурахонзода, муовини якум, муовини ректор оид ба таълим дар оғоз қайд намуд, ки баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ яке аз вазифаҳои давлат ба ҳисоб меравад. Дар самти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ зарурати муттаҳид ва ҳамкории мутақобилаи ҳамаи ниҳодҳои ҷамъиятӣ зарур аст.
Мудири кафедраи ҳуқуқи иқтисодӣ, молиявӣ ва зиддикоррупсионӣ Ҷамрод Бобоев дар баромади худ гуфт, ки масъалаи баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва дар ин замина ташаккули фарҳанги баланди ҳуқуқӣ, рушди институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва такмили принсипи волоияти қонун ҳамеша аҳаммияти хосса дорад.
Яке аз уҳдадориҳои конститутсионии шахс ин риоя ва эҳтироми Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқ, озодӣ, шаъну шарафи дигарон мебошад. Барои Конститутсия ва қонунҳоро риоя намудан онҳоро донистан зарур аст. Ҳамзамон бояд дар назар дошт, ки надонистани қонун шахсро аз ҷавобгарӣ озод намекунад. Аз ин лиҳоз, маърифати ҳуқуқӣ барои ҳар шахси оқил ва солим новобаста аз касбу кор ва мавқеи иҷтимоияш шарт ва ҳатмӣ мебошад. Надоштани маърифати ҳуқуқӣ метавонад боиси халалдор гаштани ҳуқуқу озодиҳои дигарон, таҳқири шаъну шараф ва амалҳои хилофи қонун гардида, қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, муташаккилӣ ва устувории ҷомеаро зери хатар гузорад.
Дар охир устодон дар музокира изҳори андеша намуда, таъкид карданд, ки вазифаи падару модарон ва омӯзгорон баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ аст.
Тағоймурод Эшзода