Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Сада таҳрикдиҳандаи худшиносии миллист

Сада таҳрикдиҳандаи худшиносии миллист

Бо ибтикори раёсати илм ва инноватсия ва кафедраи фанҳои гуманитарии ДДМИТ санаи 31-уми январи соли равон дар донишгоҳ мизи мудаввар дар мавзуи «Сада - ҷашни миллии тоҷикон» баргузор гардид. Нахуст муовини ректор оид ба тарбия Бунавша Қодирова чорабиниро кушода, гуфт, ки ҷашни Сада дар қатори Наврӯзу Тиргон ва Меҳргон аз даврони қадим то ҳол бо як силсила одобу суннатҳо, расму ойинҳо ва донишу таҷрибаҳои кишоварзӣ омада расидааст. Ҷавҳари Сада аз ҷанбаҳои инсонпарварона, дӯст доштани табиат ва расидан ба қадри обу замини диёр иборат мебошад. 
Баъдан, сардори раёсати таълими донишгоҳ, дотсенти кафедраи фанҳои гуманитарӣ Асадулло Муллоҷонов оид ба таърих ва анъанаҳои Сада, тибқи маълумоти сарчашмаҳои таърихӣ, баромади пурмуҳтаво намуда, қайд кард, ки Сада ба шарофати дастгириҳои Пешвои муаззами миллат дар замони соҳибистиқлолӣ эҳё гардид. Имрӯзҳо оинҳои иди Сада аз нав зинда гардида, мардумро ба сарҷамъӣ даъват менамояд. Сада дар давраи ҳукмронии Пешдодиён аз тарафи подшоҳи он давр Ҳушанг пайдо шудааст ва он таваллуди оташ аст. Ҷашнгирии Сада ба гардиши сол ва офтоб вобаста аст. Пас аз таҷлили ҷашни Сада деҳқонон аз фароғати зимистона берун омада, дар андешаи мавсими нави кишоварзӣ ва боғдорӣ мешуданд. 
Накукорӣ, тозакорӣ, муттаҳидию эҳтироми якдигар аз ҷумлаи хусусияту суннатҳои ҷашни Сада маҳсуб меёбад. 
- Эҳёи ҷашнҳои миллӣ, аз ҷумла Сада таҳрикдиҳандаи худшиносии миллӣ буда, мардумро ба сарҷамъӣ даъват мекунад. Сада нозанинтарин ҷашни аҷдод аст ва таҷлилаш ҳеҷ гоҳ ба оташпарастӣ намекашад. Сада рӯзи арҷгузорӣ ва иззат гузоштан ба гармӣ, нур, меҳр ва рӯ овардан ба рӯшанист, гуфт дар охир Муллоҷонов А. 
Дар музокира устодон С. Носиров, М. Зарипов, Ҷ. Халифазода, Ф. Абдулвоҳидова баромад намуда, оид ба аҳаммияту моҳияти ҷашни Сада андешаҳои судманд баён доштанд. 
Гуфта шуд, ки олимону донишмандонро мебояд, ки паҳлуҳои норавшан ва аҳаммияти ин ҷашнро омӯзанд, арзишҳои онро ба мардум, хусусан, ба наврасону ҷавонон ҳамчун мероси фарҳанги миллатамон ва омили худогоҳиву худшиносии наслҳо таблиғ намоянд. 


М. Абдуллоева