Хабарҳо
Дастоварди гумрукчиёни мо
Барои иштироки фаъол ва ғолибият дар Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ аз фанни «Асосҳои фаъолияти гумрукӣ», ки бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон чанде пеш баргузор гардид, намояндаи Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Шоҳрух Насриддинов, донишҷӯи курси чаҳоруми ихтисоси хадамоти гумруки факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ бо дипломи дараҷаи 2 сарфароз гардонида шуд. Дипломро дар ҳузури меҳмонон декани факултети молиявию иқтисодӣ, профессор И.Р. Иброҳимзода супорид.
Дар ҷаласаи шурои олимони ДДМИТ ректори таълимгоҳ ин донишҷӯи фаъолро бо ин дастовард муборакбод намуда, таъкид сохт, ки сафи ин қабил толибилмон бояд зиёд шаванд ва номи донишгоҳро баланд бардоранд.
Мо бо Шохрух Насриддинов мефахрем ва бо ин дастовардаш ӯро муборакбод намуда, барояш парвозҳои нав таманно дорем.