Хабарҳо
Дар ДДМИТ нишасти матбуотӣ доир гардид
- Дар соли таҳсили сипаришуда 30 нафар устоди донишгоҳ рисолаҳои илмии худро, аз ҷумла 3 нафар рисолаи докторӣ ва 27 нафар рисолаи номзадиро дар шуроҳои диссертатсионии миллӣ бомуваффақият ҳимоя намуданд, ки яке аз дастовардҳои беҳтарини донишгоҳ маҳсуб ёфта, шумораи рекордиро ташкил медиҳад ва барои тақвияти иқтидори илмии таълимгоҳ заминагузор аст,- гуфт ректори ДДМИТ Абдуалимзода Ҳакимбек Абдуалим дар назди намояндагони ВАО дар нишасти матбуотӣ, ки санаи 7 феврал доир гардид.
Ректори таълимгоҳ дар бораи дастовардҳо ва фаъолияти самтҳои таълим, тарбия, илм, робитаҳои байналмилалӣ ва хоҷагидорӣ мухтасар маълумот дод. Мавсуф аз ҷумла қайд намуд, ки донишгоҳ чандин сол аст дар рейтинги муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар ҷойи чорумро гирифта меояд, имсол қабули довталабон аз рӯйи ихтисосҳои иқтисоди рақамӣ, бехатарии иқтисодӣ, идораи давлат ва ҳуқуқ, амнияти компютерӣ, кибернетикаи иқтисодӣ ва идораи давлатӣ ба роҳ монда шуд, 102 нафар донишҷӯ донишгоҳро бо дипломи “аъло” хатм намуда, барои кору фаъолият ба соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ва фаъолияти илмию таҳқиқотӣ равона гардиданд, ки нисбат ба соли гузашта 23% зиёд мебошад, таъсис дода шудани кафедраҳои базавии вазорату идораҳои дахлдор бо мақсади иҷрои Протоколи ташрифи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба донишгоҳ, баргузор гардидани таҷрибаомӯзии таълимии донишҷӯён дар заминаи озмоишгоҳҳои навтаъсиси таълимии донишгоҳ: озмоишгоҳи таълимии гумрукӣ; маркази бонки таълимӣ; озмоишгоҳи таълимии иқтисоди рақамӣ; озмоишгоҳи таълимии барномаи С-1 ва озмоишгоҳи таълимии кафедраи андоз ва андозбандӣ, ки барои ба амалия пайвастани назария мусоидат мекунад.
Дар нишасти матбуотӣ рӯзноманигорон аз нашрияҳои «Омӯзгор», «Народная газета», «Мароми пойтахт», «Паёми Душанбе», “Истиқлол”, “Фараж”, маҷаллаҳои «Молия ва ҳисобдорӣ», «Тоҷикистон», радиои «Садои Душанбе», “Ховар”, “Фарҳанг”, ТВ «Сафина», “Душанбе”, “Ҷаҳоннамо” ҳузур доштанд ва дар бораи фаъолияти нимсолаи донишгоҳ ба роҳбарият суолҳо доданд.
Абдуалимзода Ҳ. ва муовинони ректор ба саволҳои рӯзноманигорон дар мавриди тадбирҳои вобаста ба эълон шудани соли 2024 ҳамчун “Соли маърифати ҳуқуқӣ”, идомаи таҳсили донишҷӯён дар муассисаҳои таҳсилоти олии хориҷи кишвар, хориҷ ва барқароркунии донишҷӯён, ташкили шароити мусоиди иҷтимоӣ ба донишҷӯёни ятим, шароити таълими донишҷӯёни хориҷӣ, ташкили курсҳои забономӯзӣ дар таълимгоҳ, тақвияти робитаи таълимгоҳ бо волидон, тадбирҳо барои гузариши донишгоҳ ба иқтисодиёти рақамӣ, ҳаҷми маблағи шартномаи таҳсил барои шаҳрвандони хориҷӣ ва дигар масъалаҳо посухҳои мушаххас доданд.
Пас аз анҷоми нишасти матбуотӣ рӯзноманигорон аз озмоишгоҳҳои таълимии донишгоҳ дидан карданд.
Машҳура Абдуллоева