Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Боз як ҳимояи рисолаи докторӣ

Боз як ҳимояи рисолаи докторӣ

Боиси хушнудӣ ва ифтихор аст, ки сафи доктори илм дар таълимгоҳ афзуда истодааст, ки бешубҳа, ба иқтидори илмии донишгоҳ таъсири мусбат мерасонад.
 Ин навбат санаи 10 феврали соли равон Сафаров Баҳром Гулматович, муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалии донишгоҳ дар шурои диссертатсионии 6D.КОА-004-и назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мавзуи «Масъалаҳои назариявии рушди иқтисоди кушод дар шароити тақвияти муносибатҳои ҳамгироии минтақавии иқтисодӣ (дар мисоли Ҷумҳурии Тоҷикистон)» рисолаи докториро аз рӯйи ихтисоси 08.00.01 – Назарияи иқтисодӣ (08.00.01.01 – Назарияи умумии иқтисодӣ (иқтисоди сиёсӣ)) бомуваффақият ҳимоя кард. Мушовири илмии мавсуф Саидмуродзода Лутфулло Ҳабибулло, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мебошад. 
Мақсади таҳқиқот омӯзиши ҷанбаҳои назариявӣ ва методологии рушди кишварҳои рӯ ба тараққии дорои иқтисоди кушод дар шароити тақвияти муносибатҳои ҳамгироии минтақавии иқтисодӣ ва дар ин замина муайян кардани самтҳои афзалиятноки иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди ҳамгироии минтақавии иқтисодӣ мебошад. 
Навгониҳои илмии таҳқиқот ҳалли масъалаҳои назариявӣ ва амалии муайян кардани қонуниятҳои рушди иқтисоди кушод дар кишварҳои рӯ ба тараққӣ ва таҳияи стратегияи иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити тақвияти иштироки кишвар дар иттиҳодияҳои ҳамгироии минтақавӣ мебошад. 
Мо боварӣ дорем, ки тадқиқоти мазкур дар амалия татбиқ мегардад. 
Аҳли коллективи меҳнатии донишгоҳ Сафаров Баҳром Гулматовичро бо ин дастоварди бузурги илмӣ муборакбод намуда, барояш саломатӣ ва дар фаъолияти минбаъда комёбиҳои беназирро таманно доранд.