Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Баргузории ду маҳфили илмӣ дар як факултет

Баргузории ду маҳфили илмӣ дар як факултет

Бо ибтикори факултети технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт санаи 14-уми феврали соли равон бахшида ба Рӯзи байналмилалии барномасозон ва компютердонон бо иштироки профессори кафедраи информатикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Саидаъло Мирзоев дар мавзуи «Моделҳои математикии арзёбии ифлосшавии ҳаво аз партовҳо» зермаҳфили «Зеҳн» баргузор гардид. Дар он устодон ва донишҷӯёни ихтисосҳои марбута фаъолона иштирок намуданд. Маърузачӣ дар баромади худ роҳҳои ифлосшавии ҳаво аз партовҳоро дар доираи моделҳои математикӣ арзёбӣ намуда, таъкид дошт, ки дар замони мо ҳаҷм ва суръати пайдоиши партовҳо аз меъёри табиӣ зиёд аст ва табиат имкони бартараф кардани онҳоро надорад. Яке аз роҳҳои асосии ҳифзи атмосфера пешгирии партовҳои моддаҳои ифлоскунанда мебошад. Дар корхонахои мавҷуда ва нав технологияи муосир (ҷамъкунандаҳои чанг ва асбобҳои тозакунии газ)-ро истифода кардан лозим меояд. 
Гуфта шуд, ки ин масъала мубрам буда, тамоми ҷаҳонро ба ташвиш овардааст ва ба тозагии муҳити зист аҳаммият додан вазифаи ҳар як шаҳрванди сайёра маҳсуб мегардад. 
Ҳамчунин, дар нимаи дуюми ҳамин рӯз дар факултети мазкур байни донишҷӯёни курсҳои 1-ум ва 4-ум дар мавзуи “Таҳияи алгоритми ҳалли масъалаҳо” викторина баргузор гардид. Дар викторина донишҷӯёни кафедраи иқтисоди рақамӣ ва логистика бо номи “Моделсозони ҷавон”, кафедраи система ва технологияи иттилоотӣ дар иқтисодиёт бо номи “Технологҳо” ва кафедраи информатикаи амалӣ дар иқтисодиёт бо номи “Барномасозони ҷавон”, ки дар маҷмуъ, 14 нафарро ташкил медоданд, иштирок намуданд. 
Рӯзҳои наздик ғолибон муайян гардида, ба онҳо диплом, ифтихорнома ва мукофоти пулӣ тақдим карда хоҳанд шуд. 
Бояд қайд намуд, ки дар факултет чорабинии мазкур мунтазам охири ҳар моҳ дар доираи мавзуъҳои мухталифи самти технологияҳои иттилоотӣ гузаронида мешавад. 


Умар Воҳидов, муовини декан оид ба илми факултети технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт