Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Баррасии рушди саноат ва маърифати ҳуқуқӣ дар семинар

Баррасии рушди саноат ва маърифати ҳуқуқӣ дар семинар

Бахшида ба эълон гардидани солҳои 2022-2026 ҳамчун “Солҳои рушди саноат” ва соли 2024 - “Соли маърифати ҳуқуқӣ” санаи 16-уми феврали соли равон бо ташаббуси кафедраи таҳлили иқтисодӣ ва омор семинари илмӣ-назариявии умумидонишгоҳӣ дар мавзуи «Самтҳои асосии амалигардонии Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» баргузор гардид. 
Дар оғози ҷамъомад муовини ректор оид ба робитаҳои баёналмилалӣ Баҳром Сафаров перомуни мубрамии мавзуи семинар нуқтаи назари хешро иброз дошта, қайд намуд, ки дар ин панҷсола ҳиссаи саноат дар маҷмуи маҳсулоти дохилии кишвар ба 26 фоиз расонида шуд ва ин раванд гуногунсамтии истеҳсолоти саноатро таъмин хоҳад кард. Албатта, бо назардошти аҳамияти бузурги соҳаи саноат дар рушди минбаъдаи мамлакат ва таъмин намудани иҷрои ҳадафҳои стратегии миллӣ, аз ҷумла раванди саноатикунонии кишвар аз ҷониби Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2022–2026 - “Солҳои рушди саноат” эълон гардиданд. Пеш аз ҳама, ин дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва бакортаъминкунии аҳолии мамлакат мусоидат хоҳад кард. Дар ин самт аҳли илм, олимон бо тадқиқотҳои илман асоснок бояд саҳми назаррас дошта бошанд. 
Сипас меҳмонон - мутахассисони соҳа ба сухан баромада, дар мавзуи матраҳшаванда фикру андешаи худро баён доштанд. Аз ҷумла, Рустам Қудратов, профессори кафедраи таҳлили иқтисодӣ ва омори ДДМИТ, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи “Самтҳои асосии амалигардонии Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025”, Сайалӣ Мирзоев, мутахассиси пешбари шуъбаи методология ва таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқии ПИТ-и Бонки миллии Тоҷикистон дар мавзуи “Дастрасӣ ба хизматрасониҳои молиявӣ ва рушди молияи рақамӣ” ва Аббос Норов, сардори шуъбаи методология ва таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқии ПИТ-и Бонки миллии Тоҷикистон дар мавзуи “Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон: натиҷаҳои татбиқ ва ҳадафҳои минбаъда” суханронӣ намуда, андешаҳои ҷолиб иброз намуданд. 
Гуфта шуд, ки шиддат гирифтани рақобати тиҷоратӣ миёни кишварҳо моро вазифадор месозад, ки дар самти пешгӯии хавфҳо ва коҳиш додани таъсири онҳо ба иқтисоди миллӣ, инчунин, баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ тадбирҳои зарурӣ андешем. 
Моро зарур аст, ки тавассути вусъат бахшидани татбиқи “Старатегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” нисбат ба имрӯз беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардумро таъмин намоем. 
Барои ҳамкориҳои мутақобилан судманд, иштирок дар чорабиниҳои илмӣ, мубодилаи афкор ва фароҳам овардани фазои солими илмӣ ба меҳмонон изҳори сипос карда шуд. 
Дар ҷамъбасти мизи мудаввар саволу ҷавоб ва музокира сурат гирифт. 


Тағоймурод Эшзода