Хабарҳо
ДДМИТ ғолиби даври ноҳиявии озмуни «Кадбонуи беҳтарин»
Ҳамасола дар арафаи идҳои баҳорӣ дар асоси нақшаи чорабиниҳои Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳрдорӣ дар пойтахт чорабиниҳои гуногуни маърифатию озмунҳо ташкил карда мешаванд. Озмуни шаҳрии «Кадбонуи беҳтарин» аз ҷумлаи чунин тадбирҳост, ки рӯзи 19 феврали соли равон даври ноҳиявии он доир гардид ва дар он кадбонуҳои Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон сазовори ҷойи якум гардиданд, ки боиси ифтихор аст.
Дар он намояндагони касбу кори гуногун, аз ҷумла муассисаҳои соҳаи маориф, тандурустӣ, бахши иҷтимоӣ ва муассисаҳои таълимии миқёси ноҳияи Сино, маҳаллаҳои ноҳия иштироки фаъол намуданд.
Дастаи «Гулофарон»-и Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон барои иштироки фаъолона ва саҳми арзанда гузоштан дар тарғиб, эҳё ва ҳифзу нигоҳдошти беҳтарин суннатҳои миллии ниёгонамон дар самти омода намудани хӯрокҳои миллӣ, хӯришҳои болаззат, таомҳои маҳаллӣ, баланд бардоштани завқи кадбонугӣ ва ҳунари дастархонороӣ сазовори ҷойи якум гардида, бо Диплом ва туҳфаи хотиравии кумитаи тадорукот сарфароз гардонида шуд.
Дипломи мазкур аз ҷониби муовини раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Сайёра Сафарализода ба муовини ректор оид ба корҳои тарбиявии ДДМИТ Мастура Буриева тақдим карда шуд.
Бояд гуфт, ки мақсади озмун ҳавасмандгардонӣ ва дарёфти кадбонуҳо, занони соҳибзавқ ва ҳунармандони моҳир, эҳёи таомҳои милливу маҳаллии азбайнрафта ва ривоҷ додани пухтупази таомҳои миллӣ дар тарабхонаю ошхонаҳо, омода намудани ҷавондухтарон ба ҳаёти мустақилона, баланд бардоштани маърифати хонадорӣ ва завқи дастархонороӣ, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ва зиёд намудани ҷойҳои кории нав, ошноӣ ба таъриху фарҳанг ва тамаддуни миллӣ арёзбӣ гардидааст.
Тахмина Умаралиева мутахассиси шуъбаи кор бо ҷавонон оид ба занон ва донишҷӯдухтарон