Хабарҳо
Маърифати ҳуқуқии ҷомеаи шаҳрвандӣ
Дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат аз 28-уми декабри соли 2023, санаи 20-уми феврали соли равон бо ибтикори факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ бо иштироки донишҷӯёни курсҳои 1- 4-и факултет чорабинии маърифатӣ-ҳуқуқӣ баргузор гардид.
Нахуст, декани факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ Ф. Убайдов қайд намуд, ки бо ибтикори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2024 ҳамчун “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон гардида, дар ин замина, дар факултет гузаронидани як зумра чорабиниҳо дар назар дошта шудааст. Ин ҳама тадбирандешӣ маҳз баҳри баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии донишҷӯён ва дар пасманзари он баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқӣ замина мегузорад.
Сипас, дотсенти кафедраи ҳуқуқи иқтисодӣ, молиявӣ ва зиддикоррупсионӣ Субҳоналӣ Мирзоев дар мавзуи “Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷомеаи шаҳрвандӣ” баромад намуд. Номбурда вобаста ба муҳимияти баланд бардоштани фарҳанг ва маърифати ҳуқуқӣ байни донишҷӯён ва ошно гаштани онҳо аз ҳуқуқу озодиҳояшон маълумоти муфассал дод.
Дар анҷом саволу ҷавоб байни донишҷӯён сурат гирифт.
Ҳумайнӣ Носирзода