Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Чорабинӣ бахшида ба таҷлили Артиши миллӣ

Чорабинӣ бахшида ба таҷлили Артиши миллӣ

Баҳри таҷлили Рӯзи таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамасола 23-уми феврал ҷашн гирифта мешавад, рӯзи 20-уми феврал аз тарафи донишҷӯён ва устодони факултети технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт чорабинии тарбиявӣ-фарҳангӣ баргузор гардид.
 Чорабиниро декани факултет София Темурбекова оғоз бахшида, таъкид намуд, ки хизмати ҳарбӣ нишонаи равшани эҳсоси ватандӯстӣ, дарки зарурат ва аҳаммияти ҳимояи давлат ва халқи Тоҷикистон мебошад. Ҳоло дар натиҷаи тадбирҳои пайвастаи давлат ва Ҳукумати мамлакат барои сохторҳои низомӣ тамоми шароит фароҳам оварда шудааст. 
Ҳифзу ҳимояи амнияти давлат, суботу оромии ҷомеа ва ҳаёти осудаи сокинони мамлакат бар зиммаи хизматчиёни ҳарбӣ аст. Бинобар ин, 
Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, дар ҳақиқат, сипари боэътимод, ҳимоятгари сокинони кишвар ва сулҳу ваҳдат дар ҷомеа мебошанд. 
Раиси Шурои собиқадорони донишгоҳ С. Ҳаитов дар идома қайд кард, ки имрӯз Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон рисолати касбии худро сарбаландона ба ҷо оварда, дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва истиқрори сулҳу субот ҳамчун неруи тавоно ва қудратманд саҳми босазо гузошта истодаанд. 
Сипас, Абдулло Давлатзода сардори раёсати тарбияи донишгоҳ донишҷӯёнро барои ҳифзи марзу буми кишвар ва мардонагӣ ҳидоят намуд ва гуфт, ки: «Дӯст доштану ҳифз кардани ин сарзамини аҷдодӣ, ҳимояи арзишҳои истиқлол ва саҳм гузоштан дар ободониву осоиштагии Ватани маҳбуб вазифаи имониву виҷдонии ҳар як фарди бонангу номуси ин марзу бум ба шумор меравад». 
Дар анҷоми ҷамъомад аз ҷониби донишҷӯёни факултет барномаи фарҳангии иборат аз суруду шеърхонӣ дар васфи Ватан, саҳнаҳои ҳаҷвӣ-тарбиявӣ ва сафороии афсарон намоиш дода шуда, ба як гурӯҳ устодон ва меҳмонони чорабинӣ туҳфаву сипосномаҳои садорати факултет тақдим гардид. 


Исматулло Ҷумаев, эдвайзер оид ба корҳои тарбияи факултети технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт