Хабарҳо
Посдори марзи Ватан, посдори марзи номусем мо!
Таҳти ин унвон санаи 22-юми феврали соли равон дар ДДМИТ бахшида ба таҷлили Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии сиёсию фарҳангӣ доир гардид.
Нахуст, ректори донишгоҳ Ҳакимбек Абдуалимзода ҳозиринро бо ин ҷашн табрик намуда, дар бораи хидматҳои Артиши миллӣ барои ҳифзи марзу буми Тоҷикистон истода гузашт.
Воқеан, 23 феврали соли 1993 дар таърихи соҳибистиқлолии Ватани азизамон бо таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ саҳифаи наве боз гардид. Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи зиёда аз се даҳсола фаъолият намуда, рӯзҳои сарду сангинро пушти сар карда, аз озмоишҳои шадиди ин солҳо гузаштааст. Феълан Артиши миллӣ ба неруи қудратманди низомӣ, муҳофизи сулҳу субот ва фазои орому осудаи кишвар табдил ёфтааст ва имрӯзҳо афсарону сарбозон барои ҳифзи боэътимоди марзу буми Ватан содиқона хизмат менамоянд.
Чуноне ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо боварӣ изҳор намудаанд: «Дар чунин давраи ниҳоят ҳассосу пурошӯб ва тақдирсози таърихи миллат, яъне дар роҳи барқарорсозии сохти конститутсионӣ, таъмин намудани сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ дар кишвари соҳибистиқлоламон фарзандони содиқи Ватан - хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хизмати барҷаста анҷом доданд ва садоқати худро ба миллат ва давлат ба исбот расониданд».
- Дар ростои суханони Роҳбари давлат ҳаминро қайд карданиам, ки ДДМИТ низ ҳамчун муассисаи бонуфузи таълимӣ дар тӯли фаъолияти худ ҳазорҳо ҷавонони бонангу номуси миллатро ба воя расонида, дар баробари соҳаҳои иқтисодиёти миллӣ ва муаррифии миллат дар арсаи байналмилалӣ, инчунин ба ҳимояи марзу буми Ватан сафарбар намудааст. Дар донишгоҳ аз зумраи собиқадорони Қувваҳои Мусаллаҳ устодон низ кам нестанд. Аз ин рӯ, ман ба шогирдони азиз муроҷиат менамоям, ки бояд давомдиҳандаи кору пайкори созандаи фарзандони барӯманди миллати тоҷик бошед, ки ин боргоҳи илму маърифатро хатм намуда, имрӯз дар хизмати халқу диёранд. Мо бо шогирдони худ ифтихор дорем, зеро онҳо дар рушди давлат ва ободии Ватан фаъолона саҳм мегузоранд ва марзу буми сарзамини аҷдодиро ҳимоя менамоянд, ватандӯсту ватанпараст, бонангу номусанд ва ба халқу давлати Тоҷикистон содиқ мемонанд, - гуфт ректор.
Дар идома раиси Кумитаи Иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Зоҳир Ҳабибзода баромад карда, афзуд, ки тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон: «Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими истиқлолият ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси ҳар шаҳрванд аст».
Ба андешаи мавсуф, сарсупурдагӣ ва арзишҳои ҳифзи марзу бум муқаддастарин вазифаҳоест, ки назди ҳар як шаҳрванд истодааст. Муҳаббат ба Ватан, эҳтирому риояи Конститутсия ва қонунҳои ҷории он, эҳтиром ба арзишҳои миллии давлатдорӣ ҷавҳари ватандорист.
Дар идома намояндаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдурашид Ҳотамиён дар баромади худ афзуд, ки Артиши миллӣ зода ва ҳамқадами истиқлолият маҳсуб меёбад.
- Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳифзи Ватан, таъмини амнияти давлат, сулҳу субот дар кишвар ва тамомияти арзии он, таҳкими иқтидори мудофиавии давлат, мустаҳкам кардани тартибу интизом дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон масъул мебошад.
Айни ҳол, дар ҳайати Артиши миллӣ се навъи Қувваҳои Мусаллаҳ фаъолият доранд: қӯшунҳои хушкигард, қӯшунҳои зудамал, қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ, - иброз намуд А. Ҳотамиён.
Дар идома тибқи фармони Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковник Шералӣ Мирзо ба 20 нафар устоди донишгоҳ медалу ифтихорномаҳо тақдим карда шуд. Аз ҷумла, ба сардори раёсати тарбияи ДДМИТ Абдулло Давлатзода дар вазъияти тантанавӣ медали «30-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат» тақдим гардид.
Инчунин, бо фармоиши ректори донишгоҳ барои фаъолияти пурсамар ва дастовардҳои назаррас бахшида ба 31-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат собиқадорони ҳифзи ҳуқуқ бо ифтихорномаҳо мукофотонида шуданд.
Чорабиниро барномаи шуъбаи фарҳанги донишгоҳ, ки иборат аз рақсу суруд, саҳначаи ҳаҷвӣ ва шеърхонӣ дар васфи Ватан буд, ҷилои дигар бахшид.
Наврӯз Ҷобиров