Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Баргузории ҷаласаҳои шурои кураторони донишгоҳ

Баргузории ҷаласаҳои шурои кураторони донишгоҳ

Санаҳои 16 ва17-уми феврали соли 2024 ҷаласаҳои васеи шурои кураторони донишгоҳ дар ҳар як факултет бо иштироки муовини аввали ректор, муовин оид ба таълими донишгоҳ Бобоҷон Саторзода, муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Мастура Буриева, деканони факултетҳо, мудирони кафедраҳо, эдвайзерони корҳои тарбиявӣ ва кураторони гурӯҳҳои академӣ доир гардид. 
Дар он вазъи корҳои таълиму тарбия дар таълимгоҳ мавриди баррасӣ ва таҳлил қарор гирифт. Зимни баромад Бобоҷон Саторзода аз кори таълиму тарбия, иштироки олимон дар чорабиниҳои илмӣ, фаъолияти кураторон ҷиҳати иҷрои нақшаҳои инфиродӣ изҳори нигаронӣ намуда, қайд кард, ки мақсад аз баргузории ҷаласаҳои имрӯза беҳтар кардани фаъолияти таълимиву тарбия дар донишгоҳ мебошад. Дар баробари ин, ӯ дар бораи иҷрои саривақтии вазифаҳои кураторон ибрози андеша намуда, ёдовар шуд, ки онҳо уҳдадоранд дар ҷодаи тарбияи донишҷӯён саҳми босазо дошта бошанд. Яъне, куратор ҳам падари маънавии донишҷӯ, ҳам чашму ҳуш ва дасти рости садорати факултет ба ҳисоб меравад. Тарбия кардани насли наврас, бахусус ҷавонон, аз ҳар яки мо масъулияти баландро тақозо менамояд. Тарбияи насли наврас танҳо вазифаи устод ё куратор нест, балки он вазифаи аҳли ҷомеа ба ҳисоб меравад. Ҳамагонро зарур аст, ки дар ин кори хайр бетараф набуда, бо масъулияти баланд ба иҷрои вазифаҳои худ бикӯшанд, то ин ки натиҷаҳои назаррас ба даст оянд. 
Дар идома муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Мастура Буриева ва сардори раёсати корҳои тарбиявии донишгоҳ Давлатзода Абдулло нуқтаи назари худро дар бораи роҳҳои бартараф намудани камбудиҳо дар ҷодаи самти таълим, илм, тарбия ва ба аттестатсия омода намудани кормандон, иҷрои нақшаи инфиродӣ, ҷалб ва аъзо намудани донишҷӯён ба Китобхонаи миллӣ ва донишгоҳӣ, риояи либосҳои тавсиявӣ аз ҷониби устодон ва донишҷӯён, дар бораи навбатдории кураторон, шинос намудани онҳо бо санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, одоби муошират изҳори андеша намуда, таклифҳои ҷолиб пешниҳод карданд. 


Мавҷуда Давлатова, раиси шурои кураторони донишгоҳ