Хабарҳо
Фаъолияти пурсамар – гувоҳи масъулияти баланд
Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон зери роҳбарии Ҳ. Абдуалимзода ба масъалаҳои мубрами ҳаёти бонувону донишҷӯдухтарон, ки аз сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд, таваҷҷуҳи рӯзафзун медиҳад. Қайд кардан бамаврид аст, ки бонувон аз қисми фаъолтарини ҳайати профессорону устодон ва кормандони муассисаро ташкил медиҳанд. Шумораи донишҷӯдухтарон низ дар муассиса беш аз пеш афзуда истодааст ва баҳри дастгирии ҳамаҷонибаи онҳо ҷиҳати дар оянда ба мутахассисони дорои таҷриба ва донишҳои мукаммали касбӣ табдил ёфтанашон, ҳама тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, мавриди корбарӣ қарор дода мешавад.
Бо ҳамин мақсад, санаи 27 феврали соли 2024, дар доираи ибтикороти раёсати корҳои тарбиявӣ ва Шурои занону донишҷӯдухтарон дар донишгоҳ ҷаласаи ҳисоботӣ доир гардид. Дар кори ҷаласа Мастура Буриева, муовини ректор оид ба тарбия, Тахмина Умаралиева, раиси Шурои занону донишҷӯдухтарон ва дигарон ширкат намуда, бобати масъалаҳои гуногуни марбут ба фаъолнокнамоии донишҷӯдухтарон суханронӣ намуданд. Зикр гардид, ки масъалаи мазкур дар муассиса яке аз мавзуъҳои калидӣ ва мавриди таваҷҷуҳ ба ҳисоб рафта, дар доираи он ҳамасола бонувону донишҷӯдухтарон ҷиҳати таҳсил ба даҳҳо курсҳои омӯзишиву такмилӣ ҷалб карда мешаванд.
Дар ҷаласа ҳисоботи раиси Шурои занон ва донишҷӯдухтарон Тахмина Умаралиева дар соли 2023 баррасӣ гардид. Ҳамзамон, ба масъалаи ташаккули маърифати ҳуқуқӣ ва фарҳангиву ахлоқии донишҷӯдухтарон таваҷҷуҳ зоҳир гардида, дар ин мавзуъ Шаҳноза Ғафорова, ассистенти кафедраи ҳуқуқи иқтисодӣ суханронӣ карда, қайд намуд, ки мавқеи занону духтарон дар татбиқи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон”, муборизаи дастаҷамъона бар зидди хурофотпарастӣ алоқамандӣ дошта, бидуни доштани маърифати ҳуқуқии занон амалишавии он ғайриимкон аст. Дар идома нотиқ аз иштирокчиёни ҷаласа даъват намуд, ки дар риояи муқаррароти санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ бетараф набошанд.
Дар кори ҷаласа, инчунин, масъалаҳои ҷиҳати риояи муқаррароти Дастурамали қоидаҳои либоспӯшӣ барои муассисаҳои таҳсилоти миёна, олӣ ва олии касбӣ ва иштироки фаъоли занон ва донишҷӯдухтарон дар озмунҳои дохилидонишгоҳӣ ва сатҳи ҷумҳуриявӣ аз ҷониби Мавҷуда Давлатова, сармутахассиси раёсати корҳои тарбиявӣ ва намояндаи раёсати илм ва инноватсия Манзура Ҳасанова баррасӣ гардиданд.
Дар ҷамъбасти кори Шурои занон ва донишҷӯдухтарон вазифаҳо барои соли оянда муайян гардида, ҷиҳати иҷрои онҳо қарорҳои зарурӣ қабул гардид.
Тахмина Умаралиева, мутахассиси раёсати тарбияи донишгоҳ