Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Қуръакашии озмуни «Беҳтарин донандаи Кодекси андоз»

Қуръакашии озмуни «Беҳтарин донандаи Кодекси андоз»

Дар ДДМИТ ҷиҳати муайян кардани ҳайати дастаҳои гурӯҳҳо барои иштирок дар озмуни «Беҳтарин донандаи Кодекси андоз» қуръакашӣ доир гардид. Дар он намояндагони 12 дастаи муассисаи таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ, аз онҳо 6 нафар тариқи онлайн иштирок намуданд. Инчунин, ин раванд дар саҳифаи расмии озмун тариқи шабакаи иҷтимоии «Инстаграм» намоиш дода шуд, то шаффофияти интихобро таъмин намояд. 
Дар он намояндагони Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - ёвари раис Пӯлодҷон Юсуфӣ ва сармуҳаррири рӯзномаи «Боҷу Хироҷ» Фарзона Шарифӣ ширкат варзида, дар бораи ҳадафи баргузории ин озмун ва шартҳои онизҳори андеша намуданд. 
Лозим ба ёдоварист, ки бо ташаббуси Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чандин сол аст, ки байни муҳассилини муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ озмуни ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Беҳтарин донандаи Кодекси андоз» гузаронида мешавад. 
Имсол низ дар назар дошта шудааст, ки рӯзҳои 2-3-май бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти андоз озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардад. Дар озмун донишҷӯёни зиёда аз 10 муассисаи таҳсилоти олии касбии кишвар, ки дар онҳо ихтисоси андоз ва андозбандӣ таълим дода мешаванд, аз тамоми манотиқи ҷумҳурӣ ширкат карда метавонанд. 


Н. Ҷобиров