Хабарҳо
Оғози озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин барномасоз»
Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ба маркази баргузории озмунҳои ҷумҳуриявӣ табдил ёфтааст ва дар он чорабиниҳо дар сатҳи баланд баргузор мегарданд. Ин навбат, рӯзи 2 марти соли равон озмуни ҷумҳуриявӣ байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар «Беҳтарин барномасоз» дар ДДМИТ доир гардид.
Дар маросими кушодашавии озмун ректори ДДМИТ Абдуалимзода Ҳакимбек меҳмонону устодон ва иштирокчиёни озмунро ба донишгоҳ хайрамақдам гуфта, зикр кард, ки соли дуюм аст, ки озмуни «Беҳтарин барномасоз» дар донишгоҳи мо доир мегардад ва иштирокчиёнро аз 17 муассисаи таҳсилоти олии касбии кишвар ҷамъ овардааст. Озмун бахшида ба амалигардонии Барномаи давлатии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» ва тайёр намудани донишҷӯён барои иштирок дар озмуни ҷумҳуриявии “Илм - фурӯғи маърифат” ва ба ин васила, баланд бардоштани маҳорати истифодаи технологияҳои иттилоотӣ дар раванди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ, дарёфти чеҳраҳои нав дар самти технологияҳои иттилоотӣ, ташаккули маҳорати истифодаи барномаҳои амалии компютерӣ, тақвияти раванди ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ дар ҷумҳурӣ ва дар амал татбиқ намудани бандҳои Консепсияи иқтисодиёти рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташаккули ҳукумати электронӣ, равона карда шудааст.
Пешрафти илмию техникӣ ҳаётро боз ҳам осудатар, шавқовартар, бехавфтар, фаъолтар мегардонад ва дар ин комёбиҳо нақши асосиро барномаҳои амалии компютерӣ мебозанд, ки дар амалисозии он мутахассисони соҳа, яъне барномасозон нақши муассир доранд.
Аз ин лиҳоз, донишгоҳ тасмим гирифт, ки бори аввал дар ҷумҳурӣ байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ Озмуни ҷумҳуриявии “Барномасози беҳтарин”-ро барпо намояд ва шавқу ҳаваси донишҷӯёнро дар самти технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ бедор намуда, аз байни онҳо чеҳраҳои беҳтаринро дарёфт намояд.
Баргузории чунин озмунҳо барои тақвияти дониши донишҷӯён мусоидат намуда, барои мутахассиси хуби соҳа шудан замина мегузоранд, зеро дар замони муосир барои амалигардонии рақамикунонии соҳаҳои алоҳидаи хоҷагии халқ тибқи барномаю стратегияҳои давлатӣ маҳз мутахассисони соҳаи технологияҳои иттилоотӣ, махсусан барномасозон заруранд.
Сипас, озмун аз рӯйи 2 номинатсия: барномасозӣ ва лоиҳаҳои инноватсионӣ баргузор гардид, ки дар он 30 нафар аз 17 муассисаи таҳсилоти олии кишвар иштирок мекунанд. Рафти озмунро комиссияи салоҳиятнок ҳакамӣ менамояд. Аз ин рӯ, ректор барои дар сатҳи баланд ва шаффоф баргузор шудани озмуни мазкур ба ҳайси сардовар дар самти барномасозӣ - дотсенти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Парвиз Садриддинов ва дар самти лоиҳаҳои инноватсионӣ - дотсенти Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Мирзомуддин Насриддинзода барор хост.
Декани факултети технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт София Темурбекова дар бораи шартҳои озмун, имкониятҳои фароҳамгардида барои иштирокчиён ва мавҷуд будани шароити зарурӣ, бахусус дастрас будани техника ва таҷҳизоти навтарини рақамӣ дар донишгоҳ изҳори андеша намуд.
Н. Ҷобиров