Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Турфа шогирде, ки дар ҳайрат кунад устодро...

Турфа шогирде, ки дар ҳайрат кунад устодро...

Машғул шудан ба варзиш инсонро саломат нигоҳ медорад ва барои расидан ба ҳадафҳо кумак мекунад. Имрӯзҳо донишҷӯёни варзишгар дар донишгоҳ кам нестанд ва бо дастовардҳои худ номи донишгоҳро боло мебаранд, ки эшон пайваста аз тарафи роҳбарияти муассиса дастгирӣ меёбанд. 
Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 14-уми феврали соли равон дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон аз рӯи намуди «гӯштини миллӣ» мусобиқоти ҷумҳуриявӣ баргузор гардид. Хушбахтона, дар ин чорабинии варзишӣ донишҷӯи курси 1-уми факултети ҳисобдорӣ ва омори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Исломиддин Абдуллозода дар вазни 67 кг иштирок намуда, сазовори ҷойи 1-ум гардид ва аз тарафи Кумита бо диплом ва медал сарфароз гардонида шуд. Бояд қайд кард, ки ин донишҷӯи мо чанде пеш дар мусобиқаи байниноҳиявие, ки рӯзҳои 24-25-уми феврал дар шаҳри Кӯлоб баргузор шуда буд, сазовори ҷойи дуюм шуда буд. 
- Устоди ман дар ин соҳа тағоям, устоди варзиши ҷумҳурӣ Асомиддин Сангов мебошад. Чун ду бародари дигарам аз хурдӣ ба ин намуди варзиш машғулам ва то ҳол ҳарчанд донишҷӯ бошам ҳам, онро идома дода истодаам. Мехоҳам дар чемпионати байналмилалӣ, ки моҳи сентябри соли равон дар Ҷумҳурии Узбекистон баргузор мегардад, иштирок намуда, бо ғолибияти худ парчами Тоҷикистони азизамро баланд бардорам,- мегӯяд Исломиддин. 
Қайд намудан бамаврид аст, ки имрӯзҳо Исломиддин Абдуллозода яке аз донишҷӯёни фаъоли донишгоҳ буда, борҳо дар мусобиқаҳои варзишии сатҳи гуногун иштирок мекунад ва чандин маротиба ҳам ғолибиятро ба даст овардааст. 
Мо ин варзишгарро бо пирӯзиаш табрик гуфта, дар хониш ва фаъолияти минбаъдаи варзишиаш муваффақияту музаффариятҳои нав ба навро таманно менамоем. 


Тағоймурод Эшзода