Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Ҷаласаи онлайнӣ ҷиҳати пешгирии амалҳои коррупсионӣ

Ҷаласаи онлайнӣ ҷиҳати пешгирии амалҳои коррупсионӣ

Санаи 5-уми марти соли равон дар асоси нақша-чорабиниҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии назорати давлатии молия ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Нақши маориф дар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва зиддикоррупсионии ҷомеа» таҳти раёсати Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Р.Ҳ. ва директори Агентии назорати давлатии молия ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймонзода С. дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Сино конференсияи муштараки ҷумҳуриявӣ бо иштироки ректорони донишгоҳу донишкадаҳо, директорони коллеҷу литсейҳо, мудирони шуъбаи маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба тариқи ҳузурӣ ва онлайнӣ баргузор гардид. 
Гуфта шуд, ки корҳои фаҳмондадиҳӣ дар зерсохторҳои вазорат зиёд карда шаванд ва донишҷӯён бояд аз моҳияти коррупсия огоҳ бошанд. Ҳамчунин қайд карда шуд, ки ин зуҳурот хосияти зиддиҷамъиятӣ дошта, зиёд шудани он ҳамаи соҳаҳоро хароб мекунад. Илова гардид, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи маориф ва илмро дар меҳвари сиёсати худ қарор додаанд ва дар ҷавоб ба ин гуна ғамхорӣ ва таваҷҷуҳ моро зарур аст, ки мубориза бо коррупсияро ҷоннок ва самарабахш намоем. 
Пас аз анҷоми ҷаласаи онлайнӣ аз ҷониби муовини якум, муовини ректор оид ба таълими ДДМИТ Сатторзода Б.А. ба масъулин ҷиҳати иҷроиши саривақтӣ ва босифати масъалаҳои дар ҷаласа баррасигардида дастурҳои мушаххас дода шуд. 

Тағоймурод Эшзода