Хабарҳо
Озмуни ифодагари бузургии Модар
Бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баланд бардоштани мақому манзалати Зан-Модар, донишандӯзӣ ва аз худ намудани касбу ҳунар ва ҳавасмандгардонии донишҷӯёну магистрантони лаёқатманд бо ташаббуси Раёсати корҳои тарбиявӣ озмун миёни донишҷӯдухтарон зери унвони «Аллаи модар» ташкил карда шуд. Озмун дар доираи чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи Модар санаи 5 марти соли равон байни донишҷӯёни факултетҳо ва шуъбаи омодакунии мутахассисони илмию педагогӣ аз рӯи беҳтарин тасвири акси модар, эҷоди беҳтарин шеър ва тарона дар васфи модар аз ҷониби иштирокчиён, беҳтарин қироати шеър дар васфи модар, беҳтарин суруд дар васфи модар ва беҳтарин суруди аллаи Модар дар сатҳи баланд доир гардид.
Барои баргузории озмун тамоми факултетҳо омодагии хеле хуб дида буданд, ки яке аз дигарӣ бартарӣ ва афзалият дошт. Иштирокчиён аз рӯи панҷ номинатсия ва берун аз он саҳнаҳои тарбиявӣ, рақс, ороиши дастархони миллӣ омода намудаанд, ки ҳама бозгӯи бузургии модар буд.
Ҳар як иштирокчии озмун қироати шеъру тарона, эҷоди шеъру тарона дар васфи модар ва тасвири акси модарро бо як ҷаҳон эҳсоси пур аз муҳаббат ва лутф нисбати ин олиҳаи зиндагӣ иҷро намуданд.
Озмунро ҳайати ҳакамон иборат аз 7 нафар аз рӯи маҳорату лаёқати иштирокчиён ва сатҳи омодагии онҳо воқеӣ ва шаффоф баҳогузорӣ карданд.
Ҳамин тавр, озмун ҷамъбаст гардид ва ғолибон дар ҷаласаи идона бахшида ба Рӯзи Модар бо Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда мешаванд.
Ҳадафи озмун арҷгузорӣ ба Зан-Модар, дарёфти истеъдодҳо ва ташаккули малакаи эҷодии толибилмон, бедор намудани шавқмандӣ ба фаъолияти касбу ҳунарҳои мардумӣ, арҷгузорӣ ба расму ойини миллӣ ва анъанаҳои миллӣ, тарғибу ташвиқи фарҳангу арзишҳои миллӣ ҳисси худшиносию худогоҳӣ, ташаккули маърифати зебоидӯстию зебоиофарӣ ва муҳайё намудани шароит барои инкишофи қобилияти зеҳнии донишҷӯён мебошад.
Машҳура Абдуллоева