Хабарҳо
Тараннуми васфи Модар
Санаи 6-уми марти соли равон дар толори донишгоҳ бо ибтикори факултети молия ва қарз ва раёсати тарбия чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ бо иштироки васеи меҳмонон, устодон ва донишҷӯён баргузор гардид.
Нахуст декани факултет Нуров Муҳаммадназар чорабиниро кушода, аз бузургӣ ва қадру манзалати Зан-Модар ёдовар гардида, ҳалимиву меҳрубонӣ, нафосату покизагӣ ва даҳҳо сифатҳои хоси ӯро васф намуда, занро тароватбахши зиндагӣ, сарчашмаи ҳаёт ва фариштаи замину осмон унвон кард. Мавсуф қайд намуд, ки маҳз ба шарофати соҳибистиқлолӣ манзалати занон дар ҷомеаи тоҷик хеле боло рафта, онҳо дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ фаъолона заҳмат мекашанд.
Баъдан сардори раёсати корҳои тарбиявӣ А. Давлатзода бонувон ва донишҷӯдухтарони донишгоҳро бо иди Баҳор ва Рӯзи Модарон табрик намуда, ба Зан-Модар арҷ гузоштанро талқин намуд. Ӯ иброз дошт, ки мо дар симои Зан-Модар зебоӣ, меҳру муҳаббат, ҳаёти ширин, хандаи тифлон ва ояндаи дурахшонро мебинем, зеро сарсабзӣ ва ободии рӯзгори мо ба занон сахт алоқамандӣ дорад.
Дар анҷоми чорабинӣ аз ҷониби донишҷӯёни факултет барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ бахшида ба Рӯзи Модар пешкаши ҳозирин гардида, як қатор устодон ва донишҷӯдухтарони факултет аз ҷониби садорати факултет ба Ифтихорнома сарфароз гардонида шуданд.
Чорабинӣ дар сатҳи баланд баргузор гардида, таъби иштирокчиёнро болида гардонид.
Самариддини Шоҳназар, эдвайзер оид ба тарбияи факултети молия ва қарз