Хабарҳо
Ҷамъбасти озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин барномасоз» дар ДДМИТ
Тавре хабар дода будем, рӯзи 2-юми марти соли равон дар ДДМИТ озмуни ҷумҳуриявӣ байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар «Беҳтарин барномасоз» доир гардид, ки дар он 30 нафар довталаб аз 17 МТОК иштирок карданд.
Дар ҷамъбасти озмун муовини ректори ДДМИТ оид ба илм Қодиров Ф.А. ба иштирокчиёни озмун ва роҳбарони онҳо барои ширкати фаъолонаашон дар ин сабқат изҳори миннатдорӣ карда, дар баробари ин, ба ҳакамони озмун Садриддинов Парвиз, н.и.ф.м., дотсенти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Насриддинзода Мирзомуддин, н.и.и., дотсенти Донишгоҳи технологии Тоҷикистон барои баҳодиҳии шаффофу одилона миннатдорӣ баён кард.
Қодиров Ф.А. қайд намуд, ки иштироки фаъолонаи донишҷӯён дар озмуни мазкур шаҳодати завқи беандоза доштани онҳо ба самти технологияҳои иттилоотӣ ва татбиқи он дар соҳаҳои алоҳидаи хоҷагии халқ мебошад.
Ҳамчунин, баргузории чунин озмунҳо барои зиёд намудани сафи барномасозон ва татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ дар самти технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ нақши беандоза калон дорад.
Дар охир гуфта шуд, ки дар оянда вазорату идораҳо ва ширкатҳои ватанӣ барои баргузории чунин озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ дар самти технологияҳои иттилоотӣ баҳри дарёфти мутахассисони касбии соҳа метавонанд саҳм гузоранд.
Ҳамин тавр, озмун дар ду номинатсия ҷамъбаст гардида, ғолибон муайян гардиданд.
Дар номинатсияи барномасозӣ Ибодуллоев Тавҳид Муҳамадиевич - донишҷӯи курси 3-юми ихтисоси информатика ва техникаи ҳисоббарори НИТУ МИСИС ҷойи якум;
Маҳмудзода Бобохон - донишҷӯи курси 2-юми ихтисоси информатикаи амалии Донишгоҳи (славянии) Россия ва Тоҷикистон ҷойи якум;
Раҳимов Ҷамшед - донишҷӯи курси 1-уми Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ ҷойи дуюм; Аминзода Нодир Назирҷон - донишҷӯи курси 3-юми ихтисоси информатикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҷойи сеюмро ишғол намуданд.
Дар номинатсияи лоиҳаи инноватсионӣ бошад, Шарифов Усмон - донишҷӯи курси 4-уми ихтисоси идораи давлатӣ ва иқтисодиёти Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойи якум;
Ҳамдамов Соҳибҷон - донишҷӯи курси 4-уми Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ ҷойи якум;
Соҳибов Фаридун - донишҷӯи курси 2-юми ихтисоси технология ва низоми иттилоотӣ дар иқтисодиёти Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон, ҷойи дуюм;
Юнусов Парвиз - курси 1-уми ихтисоси зеҳни сунъии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, ҷойи дуюм;
Юсупова Гавҳархон - донишҷӯи курси 3-юми ихтисоси физикаи Донишгоҳи (славянии) Россия ва Тоҷикистон, ҷойи сеюм;
Сафаров Исмоил - донишҷӯи курми 4-уми ихтисоси муҳандиси барномавии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҷойи сеюмро ишғол карданд.
Ба ғолибон диплом ва туҳфаҳои пулӣ тақдим карда шуд. Ҳамзамон, ба аъзои ҳакамон ва иштирокдорон Сипосномаи раёсати ДДМИТ супорида шуд.
Ҳамин тавр, озмуни ҷумҳуриявӣ байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар «Беҳтарин барномасоз» дар сатҳи баланд доир гардид.