Хабарҳо
Тантанаи ифодакунандаи бузургии Модар
Санаи 7 март ба ифтихори Рӯзи модар дар ДДМИТ ҷамъомади фарҳангиву фароғатӣ доир гардид. Онро бо сухани табрикотӣ ректори таълимгоҳ Ҳакимбек Абдуалимзода ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки таҷлили Рӯзи модар дар оғози фасли баҳори нозанин аз бузургии сиришти занону модарон башорат медиҳад. Модар меҳвари хонадон ва осоиши ҷон мебошад. Модар ба мо ҳаёт мебахшад ва беҳтарин хислатҳои инсониро дар вуҷудамон бо шири сафедаш ҷой медиҳад. Мавсуф эҳтирому арҷгузорӣ ва қадру шинохти модарро вазифаи инсонии ҳар фарди худогоҳ дониста, изҳор намуд, ки маҳз ҷозибаи ҷонбахши модар, меҳру самимияти гарм ва ғамхориҳои пайвастаи модарон ва хоҳарони мо зиндагиро нерую зиёи хосса мебахшад.
- Имрӯзҳо бо саъю талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши бонувону духтарони тоҷик дар ҷомеа баланд гардида, онҳо дар ҳамаи соҳаҳои ҷомеа софдилона кору фаъолият менамоянд. Роҳбари давлат дар яке аз Паёмҳои хеш зикр намуданд, ки «Занону бонувони мамлакат дар татбиқи сиёсати давлат баробари мардон кору фаъолият намуда, дар рушди ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ саҳми арзанда гузошта истодаанд.
Мо минбаъд низ дастгирии занону духтаронро густариш бахшида, ташаббусҳои созандаи онҳоро дастгирӣ менамоем», - гуфт Ҳ. Абдуалимзода зимни ҷаласа.
Ректор дар идома қайд намуд, ки дар ДДМИТ низ аз ҳисоби бонувон ва духтарон масъулин дар вазифаҳои гуногун меҳнати садоқатмандона мекунанд ва дар пешравии донишгоҳ саҳми арзанда мегузоранд.
Дар идома сардори шуъбаи иттилооти Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сабоҳат Рустам дар бораи дастгирии занони лаёқатманду кордон аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ва мақоми онҳо дар ҷомеа сухан ронд. Номбурда иброз дошт, ки имрӯзҳо 23 фоизи хизматчиёни давлатӣ ва 19 фоиз вазифаҳои роҳбарикунандаро занон ташкил медиҳанд.
Бузургдошти Рӯзи модар, ки 15 сол муқаддам бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардида буд, далели сиёсати хирадмандонаву оқилонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди таваҷҷуҳу дастгириҳои пайвастаи занону модарони тоҷик мебошад.
Намояндаи кумита аз сиёсати давлатию дастгирии занону духтарон сухан ронда, илова кард, ки дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ зиёда аз 13 ҳазор нафар духтар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳуриро тариқи квотаи Президентӣ хатм намуда, чун кадрҳои соҳибтахассус дар тамоми вазорату кумита ва идораву муассисаҳо кору фаъолият менамоянд.
Айни замон дар мактабҳои олии ҷумҳурӣ бошад, 11 ҳазор нафар ҷавондухтарон таҳсили илм менамоянд.
Ба андешаи мавсуф, бо дастгирии бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 3 декабри соли 1999 Фармони тақдирсози Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» ба тасвиб расид, ки сабаби беҳтар гардидани мақому манзалати зан дар ҳаёти ҷомеа гардид.
- Соҳа ё сохтореро наметавон ёфт, ки дар он нақши зан-модар дида нашавад. Зеро имрӯзҳо марҳилаи сеюми Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд амалӣ гардида истодааст.
Ҳамчунин, дар ин ҳамоиши идона ғолибони озмуни донишгоҳии «Аллаи модар» қадрдонӣ гардиданд. Инчунин, ғолибон аз рӯи беҳтарин тасвири акси модар, эҷоди беҳтарин шеър ва тарона дар васфи модар, беҳтарин қироати шеър дар васфи модар, беҳтарин суруд дар васфи модар ва беҳтарин суруди аллаи модар қадрдонӣ карда шуданд. Ҳамин тавр, дар озмуни мазкур мақоми аввалро факултети иқтисод ва бизнес, зинаи дуюмро факултети муносибатҳои иқтисоди байналмилалӣ ва ҷойи сеюмро факултети молия ва қарз сазовор гардида, садорати факултетҳо бо Ифтихорномаи донишгоҳ ва туҳфаҳо қадрдонӣ гардиданд.
Инчунин, бахшида ба Рӯзи модар ба чанд нафар устодону кормандони фаъол, ба монанди профессор Қандиёрова Д., Кошонова М., Қосимова С., Орифҷонова В., Атоева Ҳ., Юсупова Ҳ., Болтаева У., Алиева З., Тағоева Р., Равшанова Ш., Нурова И., Абдусатторова С. ва дигарон барои фаъолияти пурсамар дар вазъияти тантанавӣ Ифтихорнома супорида шуд.
Дар охир аз ҷониби дастаи ҳунарии «Ҷавонӣ» барномаи рангини консертӣ иборат аз рақсу суруд, шеърхонӣ, саҳначаи тарбиявӣ дар мавзуи эҳтироми модар намоиш дода шуд.
Наврӯз Ҷобиров