Хабарҳо
Донишҷӯёни ДДМИТ соҳиби сертификат шуданд
Рӯзи 13-уми марти соли равон бо мақсади ташаккули ҷаҳонбинии инноватсионӣ ва маҳорат дар самти таҳияи бизнес-нақшаҳо “Бизнес-нақшаи беҳтарин” машғулият доир гардид. Дотсенти кафедраи менеҷмент Давлатмо Назарамонова ва шаш нафар донишҷӯёни курси 4-уми ихтисоси менеҷмент роҳаткурсии таҳиянамудаи худро муаррифӣ намуданд. Дар он Дилшод Беков, директори ҶСК “Гулистони Душанбе” ва Акмал Оймамадов, директори парки технологӣ ширкат варзиданд.
Бояд қайд кард, ки бизнес-нақша доир ба истеҳсол ва фурӯши роҳаткурсиҳои хоси тоҷикиро дар бар гирифта, аз ашёи хоми экологӣ бо нақшу нигори миллӣ ва зарфҳои пластикӣ пешбинӣ гардидааст. Донишҷӯёни курси чорум бизнес-нақшаро муаррифӣ намуда, доир ба номгӯй, таъбу шавқи истеъмолкунанда истеҳсол кардани курсӣ ва инчунин, дастрасии нарх тавзеҳҳо доданд. Дар баробари ин, донишҷӯён оид ба кушодани саҳифа дар шабакаҳои иҷтимоӣ маълумот дода, қайд намуданд, ки ҳар як хоҳишманд метавонад барои фармоиш истифода баранд.
Аз ҷониби устодон ва меҳмонон барои ташаккул ва тадбиқи бизнес-нақша тавсияҳои мушаххас пешниҳод гардиданд.
Дар охир аз тарафи раёсати илм ва инноватсия ва маъмурияти ҶСК “Гулистони Душанбе” ба донишҷӯёни фаъол сертификатҳо супорида шуданд.
Тағоймурод Эшзода