Хабарҳо
Вохӯрии ректор бо унвонҷӯёну магистрҳо
Ҷиҳати тақвияти сатҳи касбият санаи 12-уми марти соли равон мулоқоти ректори ДДМИТ Ҳакимбек Абдуалимзода бо докторантон аз рӯи ихтисос PhD, унвонҷӯён ва магистрон доир гардид, ки дар он мудирони кафедраҳо ва масъулони шуъбаи кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ иштирок карданд.
Дар оғози суханронӣ ректор иброз дошт, ки омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ масъалаи муҳим барои баланд бардоштани сифати таълим ва пешбурди фаъолияти илмию таҳқиқотӣ маҳсуб меёбад. Имрӯз дар донишгоҳ 238 нафар магистр ва 49 нафар докторант аз рӯи ихтисос PhD ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Барои таълими мутахассиси варзида дар донишгоҳ тамоми шароитҳо муҳайёст. Фақат азму иродаи магистр ва унвонҷӯ лозим, ки паси миз нишинаду кори илмӣ кунад.
- Бо мақсади таъмини сифати баланди таҳсилот ва фаъолияти корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, тайёр намудани кадрҳои баландихтисос дар сатҳи байналмилалӣ ДДМИТ барои рушди фаъолияти мутахассисон диққати махсус зоҳир намуда, бо зиёда аз 143 донишгоҳ ва ташкилотҳои хориҷӣ ва дохилӣ шартномаи ҳамкорӣ бастааст. Имрӯз докторантон, унвонҷӯён ва магистрон дар донишгоҳ метавонанд аз китобхонаи илмӣ ба таври васеъ истифода намуда, бо гирифтани донишҳои замонавӣ ҷаҳонбии илмиашонро васеъ намоянд. Чунин тарзи муносибат ва амал барои мутахассиси хубу муосир ва рақобатпазир будан дар бозори меҳнат имконият медиҳад,- гуфт дар идомаи нутқаш ректор.
Ӯ ҳамзамон магистронро ҷиҳати омӯхтани забонҳои хориҷӣ, бархӯрдорӣ аз нозукиҳои техника ва технологияҳои таълимии замони муосир ва ҳушёрию зиракии сиёсӣ, ки аз таъкидҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд, даъват кард.
Дар идома Ф. Убайдуллоев, котиби илмии шурои диссертатсионии 6D.КОА-014 назди Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар бораи тартиби таҳияи диссертатсия ва автореферат маълумоти муфассал дод.
Дар охир ректор мудирони кафедраҳо ва сардори шуъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмию педагогиро муваззаф намуд, ки корро бо унвонҷӯёну магистрантон ҷоннок намоянд.
Тағоймурод Эшзода