Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Наврӯздории ДДМИТ

Наврӯздории ДДМИТ

Ҳамасола дар кишвари мо, ки воқеан ватани Наврӯз аст, баргузории ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ва эҳёи суннатҳои он ба худ ҳусну таровати тоза гирифтааст ва ҳамагон онро бо як неруву шаҳомати хоссае истиқбол мегиранд. 
Рӯзи 19 март дар донишгоҳ низ иди байналмилалии Наврӯз бо иштироки донишҷӯёну устодон, кормандон ва меҳмонони зиёде бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид. Дар базми наврӯзӣ Лутфулло Саидмуродзода, узви вобастаи АМИТ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, Шаҳрияи Аҳтамзод, шоири халқии Тоҷикистон иштирок доштанд. 
Донишгоҳ симои наврӯзгоҳи воқеиро гирифта буд. Бахшида ба ин ҷашни бузурги миллӣ дар саҳни муассиса ҳар як факултет дар алоҳидагӣ «Дастархони наврӯзӣ» ороста буд, ки дар он устодону донишҷӯёни факултетҳо, шуъбаи омодакунии кадрҳои илмию педагогӣ, кафедраҳои умумидонишгоҳӣ бо ороиши дастархони «Ҳафт син», «Ҳафт шин» ва «Ҳафт мим» бо ҳам рақобат карданд. Бояд ёдовар шуд, ки ҳар як факултет бо омодагии ҷиддӣ дар ин озмун ширкат дошт. Ҳар гӯшаи ҷудогардида бо арҷгузорӣ ба анъанаҳои миллӣ ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, намоиши либосҳои арӯсу домоди маҳалҳои гуногуни ҷумҳурӣ, омодасозии таомҳои миллии хоси наврӯзӣ, ба монанди суманак, далда, оши бурида ва дигарҳо хеле ҷолибу диданӣ буд. Бояд тазаккур дод, ки ҳар як гӯша дар пешниҳоду намоиши анъанаҳои неки ин иди ориёӣ аз якдигар монданӣ надоштанд, зеро тамоми унсурҳои ин ҷашн, ба монанди суманакпазӣ, оши бурида, арғунчакпарӣ, намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, гулдӯзӣ, байтбарак, бадеҳахонӣ, омадани Арӯси сол ва Бобои деҳқон ва дигарҳо намоиш дода шуд. 
Дар баробари ин, либосҳои арӯсию домодии манотиқи мухталифи Тоҷикистон низ ба намоиш гузошта шуд, ки аз фарҳанги ғании миллии мо далолат медод. 
Ҳайати ҳакамон дар якҷоягӣ бо ректори таълимгоҳ Абдуалимзода Ҳакимбек ва сардорони сохторҳо аз намоишгоҳҳои омоданамудаи иштирокчиёни озмун дидан карда, ба омодагии онҳо, пешниҳоди суннатҳои наврузӣ ва эҳёи дигар ҷанбаҳои ин иди бостонӣ баҳои баланд доданд. 
Сипас базми наврӯзӣ дар толори фарҳангӣ идома ёфт. Онро бо сухани табрикотӣ ректори донишгоҳ Абдуалимзода Ҳакимбек ифтитоҳ намуда, ҳозиринро бо фарорасии Наврӯзи хуҷастапай шодбош гуфт. Ӯ, аз ҷумла қайд намуд, ки Наврӯз маҳз бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ ва Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаҳонӣ шуда, мақоми болотару арзандатар гирифт. Наврӯз яке аз ҷашнҳои қадимтарини мо буда, дар омӯхтани таъриху тамаддун, расму оинҳои миллии мо нақши муассир дорад ва мардумро ба созандагӣ, зебоишиносӣ ва ваҳдату якпорчагӣ ҳидоят менамояд. 
Ҳакимбек Абдуалимзода дар бораи фазилатҳои беҳтарини Наврӯз, ҷаҳонишавӣ ва дар кишварҳои дунё бошукӯҳ ҷашнгирии он, эҳёи суннатҳои волои ниёгон ёдовар шуда, аҳли нишастро барои арҷгузории суннатҳои волои наврӯзӣ даъват намуд. 
- Аҳли устодону донишҷӯёни донишгоҳ низ ин хуррамбаҳори Наврӯзӣ, иди аҷдодии худро сазовор пешвоз гирифта, барои муваффақияту навгониҳои минбаъда заминаи мусоид мегузоранд,- гуфт ректор ва ба тайёрии наврӯзии факултетҳо баҳои баланд дод. 
Гуфта шуд, ки ҷашни Наврӯз таърихи беш аз шашҳазорсола дорад. Дар ин давраи дарозои таърих ҷашни Наврӯз минтақаҳои мухталифу халқҳои зиёдеро фарогир шуда, анъанаҳои ҷашнӣ эҳё гардидаанд ва муҳтавои асосии он то ба имрӯз бетағйир мондааст. 
Моҳияти фалсафии таҷлили Наврӯз аз донишу хирад, меҳру муҳаббат, сулҳу субот ва шодиву нишот иборат буда, чандин ҳазорсола барои ориёитаборон ба сифати омили асосии бунёдии ваҳдатофарӣ ва ҳамзистию иттиҳоди мардум хизмат намудааст. Наврӯз, дар ҳақиқат, пайвандгари наслҳо буда, сиришти некиро тарғибгар аст. 
Баъдан шоира Шаҳрия бо хондани абёти ба баҳор ва Наврӯз бахшидааш аҳли нишастро бо ин иди бузург табрик гуфт ва таассуроти неки бардоштаашро аз наврӯздорию ватандории донишгоҳ бо лутфу самимият ва меҳру муҳаббати хосса изҳор намуд ва ба озмуни наврӯзии факултетҳои донишгоҳ баҳои баланд дод. 
Дар ин баробар бахшида ба Наврӯз кормандону устодони фаъоли донишгоҳ – Назарамонова Д., Султонова С., Пиракова Ш., Шарипов Б., Саидмуҳиддинов С., Раҳимов Д., Шарипов С., Неъматуллои М., Шарбатов С. бо Ифтихорнома мукофотонида шуданд. 
Ҳамзамон, Қалаков Ҷ. ва Гулов А. бо Ифтихорномаи Иттифоқи касабаи муттаҳидаи соҳаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд. 
Дар идома мусобиқаи варзишии волейбол, ки ба муносибати Иди Наврӯз дар байни факултетҳо гузаронида шуда буд, ҷамъбаст гардида, ғолибон муайян шуданд. Ҳамин тавр, дастаи волейболбозони факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодӣ сазовори ҷойи якум, факултети молия ва қарз - ҷойи 2 ва волейболбозони факултети иқтисод ва бизнес ҷойи сеюмро сазовор гардида, бо Диплом ва маблағҳои пулӣ сарфароз гардонида шуданд. 
Озмуни “Дастархони наврӯзӣ” ҳам ҷамъбаст гардида, Шоҳҷоиза ва 5000 сомонӣ маблағи пулӣ ба факултети иқтисод ва бизнес, ҷойи якум ва 3 ҳазор сомонӣ факултети молия ва қарз, ҷойи дуюм ва 2 ҳазор сомонӣ факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодӣ соҳиб шуданд. Ҷойи сеюмро факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ ва шуъбаи омодакунии кадрҳои илмию педагогӣ ва илмӣ бо ҳам диданд ва ҳар кадом бо ҳазор сомонӣ ва Ифтихорнома сарфароз гардонида шуд. 
Барои иштироки фаъол дар озмун факултетҳои ҳисобдорӣ ва омор ва технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт ва кафедраҳои умумидонишгоҳӣ бо Ифтихорнома ва 500 сомонӣ маблағи пулӣ сарфароз гардонида шуданд. 
Сурудҳои дилнавози лирикӣ ва рақсҳои мавзуни донишҷӯдухтарон ва саҳначаҳои ҳаҷвии омоданамудаи дастаи “Ҷавонӣ” ба базми наврӯзӣ шаҳомати дигар ва ба дилҳо фараҳу шодӣ бахшид. 
Ҳамин тавр, базми наврӯзии донишгоҳ бозгӯи эҳёи суннатҳои миллӣ, ваҳдати комил ва фарҳангдӯстии ширкаткунандагони он буд. 


Машҳура Абдуллоева