Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Давлатзода Абдулло - барандаи озмуни байналмилалии "100 чеҳраи муваффақ"

Давлатзода Абдулло - барандаи озмуни байналмилалии "100 чеҳраи муваффақ"

Бо ташаббуси Ташкилоти ҷамъиятии байналмилалии "Маркази рушди зеҳнӣ" ва шарикони рушд давоми моҳи декабри соли 2023 то марти соли 2024 озмуни байналмилалии "100 чеҳраи муваффақ" аз рӯйи 11 номинатсия доир гардид, ки дар асоси хулосаи комиссияи тадорукотӣ ба даври ниҳоии он 2109 намояндаи касбу кори гуногун роҳ ёфтанд. Ниҳоят, дар даври ниҳоӣ аз миёни 2109 нафар довталаб 100 нафар дар бахшҳои гуногун аз рӯи номинатсияҳои муқарраргардида ғолибони ин озмуни байналмилалӣ эътироф гардиданд. 
Боиси ифтихор аст, ки дар байни 100 нафар ғолиб намояндаи Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисод ҳам ҳаст, ин Давлатзода Абдулло Давлат, сардори раёсати корҳои тарбиявии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисодиёти Тоҷикистон дар ин озмун ғолиб омада, аз рӯи номинатсияи "Тарғибгари ғояҳои миллӣ" барандаи ҷоизаи озмуни байналмилалии "100 чеҳраи муваффақ" шуд ва бо Диплом, нишони сарисинагӣ, шаҳодатномаи ғолибият сарфароз гардид. 
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони озмун дар шаҳри Душанбе санаи 18-уми марти соли ҷорӣ дар Кохи Суруш дар арафаи ҷашни Наврӯз доир гардид. Зимни баргузории маросими ҷоизасупорӣ намояндагони вазорату кумитаҳо, ташкилоту муассисаҳо ва ҷомеаи фаъоли кишвар ширкат варзиданд. Маҷаллаи байналмилалии "Интеллект" дар радифи "100 чеҳраи муваффақ" ғолибият ва соҳиб гардидани Давлатзода Абдулло Давлатро бо ин ҷоизаи байналмилалӣ ба нашр расонидааст. 
Мо Абдулло Давлатзодаро бо ин дастовард муборакбод гуфта, барояш парвозҳои баландтаринро орзу дорем.